«Агроинвестбонк» пулҳоро ба куҷо харҷ кард?

Валентина ҚОСИМБЕКОВА, махсус барои Asia-Plus

Вазъ дар дафтари кории асосии «Агроинвестбонк» башиддат аст. Дар даромадгоҳ посбонон қарор дошта, аз рафтору амалашон метавон пай бурд, ки вазифааашон роҳ надодани амонатгузорон аст. Шаҳрвандони фиребхӯрда ҳамарӯза барои пулҳояшон меоянд, вале аксаран чизе намегиранд. Раҳбарияти бонк хомӯширо ихтиёр кардааст.

Дар долонҳои бонк аз субҳ то охири рӯзи корӣ навбатдорӣ беохир аст.Амонатгузор Гулноза Т. ҳикоят мекунад: «Ҳар рӯз барои пулҳоям ба бонк меоям. Бе ҷанҷол назди раҳбарият даромада наметавонӣ. Як дафъа, вақте кӯдак дар даст доштам, посбон маро тела дода, қариб аз зинапояҳо сарозер шуда будам. Илова бар ин ӯ ба сарам доду фарёд низ бардошт».

Ӯ ҳамчунин мегӯяд: «Боре ман гуфтам, ки то Муродалӣ Алимардон (раиси бонк) қабул накунад, аз бонк намеравам. Муовини раис қабул кард, аммо дағалона «ту-ту» гуфта рафтор кард, гӯё ман ягон дугонаашон бошам, ба доду фарёд гузашт, ман ҳеҷ гуна кумаке нагирифтам».

Раҳбарияти бонк бо дарҳои баставу посбонон худро аз амонатгузорон канор гирифта, ноил гардидан ба ҳузури онҳо барои саҳҳомон ва намояндагони васоити ахбори умум ғайриимкон аст.

Бонк хомӯширо ихтиёр кардааст

Муносибати бепарвоёнаи раҳбарият ба вазъи амонатгузорони худ хеле аҷиб аст. «Агроинвестбонк» бонки хусусӣ нест ва раҳбарият наметавонад ҷи гунае ки хоҳад, рафтор кунад.

Бино ба маълумоти Вазорати молия, ба ҳайати моликони коғазҳои қиматноки бонк инҳо шомиланд: Вазорати молия, ки шумори наззарраси коғазҳои қимматнокро дорад – 87,3%, Бонки аврупоии таҷдиду рушд – беш аз 12% ва 0,7% – ба шахсони воқеии хусусӣ. Соле пеш онҳо 4 нафар буданд, аз ҷумла Алимардон. Тибқи маълумоти Вазорати молия, он замон ӯ ба 0,3%-и коғзҳои қиматнок соҳиб буд, ки агар дар ҳаҷми пешина боқӣ монда бошад, имрӯз бо пул ба 526 ҳазору 669 сомонӣ (сармояи оинномавӣ – 1 млрд. 454 млн. 886 ҳазору 600 сомонӣ) баробар аст.

Рӯйхати афроди қодир ба таъсир расонидан ба фаъолияти «Агроинвестбонк» аз 11 мавқеъ бо шумули Вазорати молия ва 10 нафар иборат аст, ки аз аввалини онҳо вазири молияи ҶТ зикр мешавад.

Пулҳо куҷо мешаванд?

Мушкилоти бонк кайҳост ки рӯйи кор омада буд. Ҳанӯз моҳи апрели соли 2012 Вазорати молия бо мақсади кумак ба «Агроинвестбонк» ба маблағи 700 млн. сомонӣ коғазҳои қиматнок нашр карда, ин воситаҳо ба барқарор кардани сармояи бонк ва харидани қарзҳои бознагаштаи он бо арзиши номиналии 528 млн. сомонӣ равона гардиданд.

Чӣ гуна метавон ба сокини кишвар ҳаҷми ин маблағро дуруст шарҳ дод? Биёед ба хотир меорем, ки соли 2013 барои болоравии маошу нафақа ва стипендия ба аҳолии Тоҷикистон 335 млн. сомонӣ маблағ зарур буд, яъне «Агроинвестбонк» пулҳои мардумро «хӯрдааст», ки барои ду маротиба ба таври назаррас боло бурдани маошу нафақа ва стипендия ба аҳолӣ кифоя буд.

Таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ ин вазъро чунин шарҳ доданд: «Ба вазъи молиявии Тоҷикистон ноустувории бахши молиявӣ, аз ҷумла барномаҳои марбут ба қарздиҳии мақсаднок тариқи бонкҳои тиҷоратӣ таъсири манфӣ мерасонад. Танҳо соли 2012 хароҷот ҷиҳати кумак ба бонки бебизоат наздики 2 фоизи ММД-ро ташкил додааст, ки ба ҳаҷми буҷети соҳаи тандурустӣ дар ҳамон сол баробар аст. Агар ҳукумат аз ин таҷриба даст накашад, минбаъд хароҷоти иловагӣ лозим мешавад».

Таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ ҳақ баромаданд. Баъи 4 сол, моҳи декабри соли 2016 ба «Агроинвестбонк» боз барои дубора сармоягузорӣ воситаҳо лозим шуда, бо ин мақсад аз ҳукумат 1,70 млрд. сомонӣ маблағ ҷудо шуд. Қобили зикр аст, ки барои афзоиши маоши кормандони соҳаи буҷет нафақа ва кумакпулӣ дар соли 2016 маблағи камтар – 1,3 млрд. сомонӣ хароҷот шуда буд.

Пулҳои гирифтаи «Агроинвестбонк» аз саҳҳомон, қарздиҳандагон, Бонки аврупоии таҷдиду рушд, 2 млрд. 400 млн. пулҳои буҷет, яъне пулҳои мардум куҷо шуданд? Ин савол бе посух мемонад.

Дороиҳо дахлнопазир аст?

Замони фаъолияти хуб доштан бонк ба харидории иншооти ғайриманқул, корхонаҳои тиҷоратӣ ва ғайра воситаҳои зиёде масраф намуда, аввали соли равон ҳукумати Тоҷикистон рӯйхати дороиҳои 4 бонки дучори мушкилотро нашр кард. Миёни онҳо пешсафи бечуну чаро «Агроинвестбонк»мебошад, ки рӯйхати дороиҳои он беш аз 730 иншоотро дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ дар бар мегирад.

Дафтари асосии кории бонк, 60 бинои филиалҳои он, 5 маркази хизматрасонӣ аз ҷумлаи ин иншоот буда, ҳамчунин минтақаҳои истироҳат дар дараи Варзоб, иқтидорҳои хурди истеҳсолии гуногун, фермаву анбор, нуқтаҳои фурӯши сӯзишвориву таъмир ва хизматрасонии нақлиёт, фурӯшгоҳу мағозаву дорухонаҳо, марказҳои хизматрасонии маишӣ, хонаҳои истиқоматӣ дар биноҳои серошёна ва ҳавлиҳо низ ба ин бонк тааллуқ доранд.

Ба гуфтаи муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев, тӯли 9 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми уҳдадориҳои «Агроинвестбонк» назди мизоҷон 800 млн. сомонӣ – аз беш аз 2,4 млрд. то 1,6 млрд. сомонӣ кам шудааст. Мо намедонем, ки аз ҳисоби кадом воситаҳо қарзҳо пардохта шудааст. Агар аз ҳисоби қарзҳои ба бонк пардохта бошад, маълум аст, ки онҳо хеле тӯлонӣ ва бо мушкилӣ баргардонида мешаванд. Дар ин ҳолатҳо мутахассисон дар баробари баргардонидани қарзҳо, дигар чораҳои таъҷилии баргардонидани пулҳои амонатгузоронро пешниҳод мекунанд. Ин ҷо сари фурӯши дороиҳои сершумори «Агроинвестбонк» сухан меравад. Фурӯхтани чанде аз онҳо кофист.

Ба амонатгузорони худ ҷавоб диҳед

Ба идораи мо доир ба шарҳи вазъ ва ҳолати минбаъд чӣ гуна сурат гирифтани баргардонидани пулҳо дархостҳои сершумори амонатгузорони фиребхӯрда ворид мегардад. Нимаи моҳи сентябр «Азия-Плюс» ба таври хаттӣ ба раҳбарияти бонк бо дархости посух ба як қатор саволҳо муроҷиат кард. Аллакай қариб ду моҳ сипарӣ шуд, вале раҳбарияти бонк вохӯрӣ бо журналисти мо ё пешниҳоди посухи хаттиро лозим надонист.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...