Имкони яке аз саҳҳомони нерӯгоҳи Қамбарота-1 шудани Ӯзбекистон

Ӯзбекистон имкони ҳамкорӣ дар сохтмони нерӯгоҳи "Қамбарота-1"-ро баррасӣ мекунад. Дар ин бора дар ҷаласаи порлумони Қирғизистон рӯзи 23 ноябр сарвазири он кишвар Сафар Исҳоқов хабар додааст. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ба гуфтаи вай, президенти ҳамакнун пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев бо ҳамтои ӯзбекаш Шавкат Мирзиёев масъалаи ҳамкорӣ дар сохтмони Қамбарота-1-ро баррасӣ ва […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Ӯзбекистон имкони ҳамкорӣ дар сохтмони нерӯгоҳи "Қамбарота-1"-ро баррасӣ мекунад. Дар ин бора дар ҷаласаи порлумони Қирғизистон рӯзи 23 ноябр сарвазири он кишвар Сафар Исҳоқов хабар додааст.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ба гуфтаи вай, президенти ҳамакнун пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев бо ҳамтои ӯзбекаш Шавкат Мирзиёев масъалаи ҳамкорӣ дар сохтмони Қамбарота-1-ро баррасӣ ва дар бораи сохтмони муштарак ба созиш расиданд.

"То он замон онҳо мухолифи сохтмони "Қамбарота-1" буданд. Акнун пуштибонӣ мекунанд. Ба ҷуз ин Ӯзбекистон мегӯяд, "метавонад ҳамчун яке аз саҳҳомони ин нерӯгоҳ нақш бозад". Мо бояд нерӯгоҳи мазкурро бо талошҳои Қирғизистон, Ӯзбекистон ва кишварҳои дигари ҳамсоя бисозем", – гуфт Сафар Исҳоқов.

Лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Қамбарота-1 дар дарёи Норин чанд сол аст, ки хобидааст. Сохтмони нерӯгоҳ бо иқтидори 1860 мегаватт охири солҳои 1980 ба нақша гирифта шуда буд.

Бори охир ҳукумати Қирғизистон бо Русия дар бораи сохтмони нерӯгоҳи "Қамбарота-1" соли 2012 созиш кард. Аммо соли 2016 Қирғизистон ин созишномаро якҷониба бекор кард. Ислом Каримов, президенти пешини Ӯзбекистон зидди сохтмони мазкур буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.