Ҷарроҳи маъруфи Хуҷанд ба 5,5 соли зиндон маҳкум шуд

Дар суди шаҳри Хуҷанд мурофиаи додгоҳӣ оид ба баррасии парванда нисбати ҷарроҳи маъруф дар шаҳри Хуҷанд Абдумалик Саломов ба итмом расид. Ӯ ба робита доштан ба равияи мазҳабии фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи «Салафия» гумонбар дониста мешуд. Суд ҷарроҳ Абдумалик Саломовро ба содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 307, қисми 3 Кодекси ҷиноятии ҶТ гунаҳкор эътироф намуда, […]

Дар суди шаҳри Хуҷанд мурофиаи додгоҳӣ оид ба баррасии парванда нисбати ҷарроҳи маъруф дар шаҳри Хуҷанд Абдумалик Саломов ба итмом расид. Ӯ ба робита доштан ба равияи мазҳабии фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи «Салафия» гумонбар дониста мешуд.

Суд ҷарроҳ Абдумалик Саломовро ба содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 307, қисми 3 Кодекси ҷиноятии ҶТ гунаҳкор эътироф намуда, ба 5,5 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Дигар ҳаммаслакони дар парванда ҳузурдоштаи ӯ – Илҳом Ғаффоров (ҳамсинфи Саломов) ва Сайдулло Мирзоев (дӯсти табиб) низ тибқи моддаи дар боло зикршуда гунаҳкор дониста шуда, ҳар кадоме 5 сол аз озодӣ маҳрум гардид.

Абдумалик Саломов 41 сол дошта, ба гуфтаи ҳамкоронаш, соли 1999 Донишгоҳи тиббии Душанбе ба номи Абӯалӣ Ибни Синоро хатм кард ва ҳамон сол дар бемористони амрози дили шаҳри Хуҷанд ба кор оғоз кард. Сипас, дар Маскав дар бахши ординатураи ихтисоси ҷарроҳи қалб рисолаи илмии худро ҳимоят кард ва унвони номзади илми тиб ба Суғд баргашт.

Собиқаи кории ӯ дар Маркази ҷарроҳии дилу шарёни Бакулев ва госпитали Вишневскийи Маскав ба ҳайси ҷарроҳи қалб 7 солро дар бар гирифт. Ӯ соли 2015 бо даъвати мақомоти Суғд ба ватан баргашта, дар маркази навтаъсиси ҷарроҳии дилу шарён дар Хуҷанд ба кор шурӯъ кард.

Аз моҳи сентябри соли равон ба ин тараф Абдумалик Саломов дар боздоштгоҳи муваққат ё СИЗО-2-и Хуҷанд қарор дошт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.