Биёед ҳамватанонамонро дар овоздиҳии барномаи телевизиони «Мир» дастгирӣ мекунем

Asia-Plus

Дар шабакаи телевизионии «Мир» лоиҳаи байнулмилалии мусиқии «Во весь голос» идома дорад, ки дар он наврасон аз ҳафт кишвари ИДМ ва Гурҷистон дар ҳунарнамоии вокалӣ ва артистӣ ракобат мекунанд.

Иштирокчиёни озмун зимни ҳисоботҳои ҳафтаина дар иҷрои суруду таронаҳои ситораҳои гуногун бо ҳам мусобиқа карда, вобаста ба имтиёзҳои гирифта дар овоздиҳӣ миёни мардум ва баҳои аъзои ҳакамон мавқеъ ишғол мекунанд.

Тоҷикистонро дар ин озмун тарбиятгирандагони студияи вокалии «Ҳафтранг» – Некрӯз Зребунов, Томирис Элназарова, Амал Ҳафизова ва Дилноз Абдуалимова намояндагӣ мекунанд, ки мураббиашон Зафар Абдуалимов мебошад.

Қобили зикр аст, ки ҳар нафаре метавонад ба ҳунарнамоии иштирокчиёни озмун баҳо дода, ба ҷонибдории дастаи писандида овоз диҳад.

Биёед ҳамватанони худро дастгирӣ кунем. Бо ин суроға ба ҷонибдории онҳо овоз дода метавонед. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...