Мирзиёев ба таҷлили пуршукӯҳи ҷашни 80-солагии Каримов дастур дод

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон фармон "Дар бораи таҷлили 80-солагии президенти нахустини ҷумҳурӣ, сиёсатмадор ва корманди барҷастаи давлатӣ Ислом Абдулғаниевич Каримов"-ро имзо кард.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар ин ҳуҷҷат омадааст, ки фармон бо назардошти "хизматҳои таърихии президенти нахустини Ӯзбекистон дар касби истиқлолият, таъмини рушди устувори кишвар, инчунин бо ҳадафи гиромӣ доштани ёди ӯ" имзо мешавад.

Миёни чорабиниҳои дар назар буда – кушодашавии зиёратгоҳи Каримов дар моҳи январи соли 2018 дар шаҳри Самарқанд ва пардапардорӣ аз пайкараи вай дар шаҳри Қаршӣ низ ҳастанд.

Инчунин сохтани филм дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Каримов, нашри китобҳои дар бораи вай ва он китобҳое, ки худи Каримов навиштааст, дар назар аст. Дар Самарқанд ҳамчунин конфронси байналхалқии илмӣ дар мавзуи "Ислом Каримов – асосгузори Ҷумҳурии мустақили Ӯзбекистон" дар назар аст.

Дар муассисаҳои таълимӣ, қисмҳои низомӣ, эътилофҳои меҳнатӣ ва мақомоти маҳаллӣ бо ширкати шоирону олимон бахшида ба гиромидошти хотираи Каримов мулоқот баргузор мешавад.

Ислом Каримов 30 январи соли 1938 таваллуд ва сар аз соли 1991 то лаҳзаи марг президенти Ӯзбекистон буд. Расман вай 2 сентябри соли 2016 дар синни 79-солагӣ аз сактаи мағзӣ вафот кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...