Президент боз ду мансабдори баландпояи ҳукуматро ҷазо дод

Раиси ҳукумати Тоҷикистон, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон фармоиши ҳукуматро дар бораи эълони танбеҳ ба Давлатзода Нусратулло, раиси Кумитаи андоз ва Абдуфатоҳи Ғоиб, сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумат ба имзо расонид. Дафтари матбуоти сарвари давлат, сабаби муҷозоти ин мансабдорони давлатиро ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои хизматиашон унвон мекунад. Чанде қабл Эмомалӣ Раҳмон зимни маҷлиси ҳукумат […]

Asia-Plus

Раиси ҳукумати Тоҷикистон, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон фармоиши ҳукуматро дар бораи эълони танбеҳ ба Давлатзода Нусратулло, раиси Кумитаи андоз ва Абдуфатоҳи Ғоиб, сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумат ба имзо расонид.

Дафтари матбуоти сарвари давлат, сабаби муҷозоти ин мансабдорони давлатиро ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои хизматиашон унвон мекунад.

Чанде қабл Эмомалӣ Раҳмон зимни маҷлиси ҳукумат нисбат ба воридоти маҳсулоти хӯрокаи пастсифату ба саломатии мардум зараровари озуқа изҳори нигаронӣ намуд. Зикр гардид, ки «гӯшти мурғи воридмешуда пастсифат буда, баъзан ҳатто барои истеъмол хатарнок аст».

Бо ин сабаб бинобар беэътиноӣ зоҳир кардан ба вазифаҳои ишғолкарда ва беназоратӣ нисбат ба воридоти маҳсулоти пастсифати хӯрока, директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди ҳукумати ҶТ  Ибодулло Қурбониён, Хадамоти назорати байтории Вазорати кишоварзии ҶТ Шералӣ Вазиров ва Хадамоти назорати давлатии санитариву эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Холмуҳаммад Каримзода аз вазифа озод карда шуданд.

Қобили зикр аст, ки маъмулан мансабдорони давлатии Тоҷикистонро бидуни ба шаҳрвандон шарҳ додани сабаб аз кор озод мекунанд, ки боиси ҳар гуна овозаҳову хулосабарорӣ мешавад. Ахиран ин нахустин қарорҳои ҳукумат дар бораи аз кор барканор шудани мансабдорони баландпоя аст, ки бо шарҳи сабаби он сурат мегирад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.