Нишасти СААД дар Минск. Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Беларус

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҷиҳати иштирок дар кори иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ба пойтахти Беларус – шаҳри Минск раҳсипор мегардад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод. Дар ҷараёни ин сафар як қатор дидору гуфтушуниди дуҷонибаи Сарвари давлати Тоҷикистон дар назар аст. Бино […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҷиҳати иштирок дар кори иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ба пойтахти Беларус – шаҳри Минск раҳсипор мегардад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.

Дар ҷараёни ин сафар як қатор дидору гуфтушуниди дуҷонибаи Сарвари давлати Тоҷикистон дар назар аст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти СААД, дар иҷлосияи санаи 30 ноябр дар Минск баррасии 20 масъала, аз ҷумла тамоилҳои рушди вазъи байнулмилалӣ ва тадбирҳо оид ба таҳкими амнияти дастаҷамъӣ, қабули Баёния дар робита ба ҷашни Созмон, ҳамчунин як қатор изҳороти сарони кишварҳо доир ба мушкилоти муҳими амнияти байнулмилалӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар кори иҷлосияи зикршуда аз иштироки сарони кишварҳои узви Созмон, котибони шӯрои амният ва вазирони мудофиаи кишварҳо, аз ҷумла президенти Русия ва Қазоқистон Владимир Путин ва Нурсултон Назарбоев, вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров, ҳамчунин дабири кулли СААД Юрий Хачатуров интизорӣ меравад.

Ҳайати Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ аз сарони кишварҳои узви СААД: Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон иборат буда, раиси он дар давраи байни иҷлосияҳои солҳои 2016-2017 президенти Беларус Александр Лукашенко мебошад. Соли 2018 Раёсат дар СААД ба дӯши Қазоқистон вогузор мегардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.