Собиқ муфтии Қирғизистон зани дуюм гирифта, мардонро ба пайравӣ даъват кард

Муфтии собиқи Қирғизистон Чӯбак-ҳоҷӣ Ҷалилов дар як видео дар каналаш – "Насаат медиа” – дар пойгоҳи интернетии Ютуб эълон кард, ки зани дуюм гирифтааст. Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили «Ахбор», муфтии собиқ аз мардони дигар ҳам даъват кардааст, ки ба вай пайравӣ кунанд ва агар тавонашро дошта бошанд, зани дуюм бигиранд. Гуфта мешавад, ҳомиёни […]

Akhbor.com

Муфтии собиқи Қирғизистон Чӯбак-ҳоҷӣ Ҷалилов дар як видео дар каналаш – "Насаат медиа” – дар пойгоҳи интернетии Ютуб эълон кард, ки зани дуюм гирифтааст.

Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили «Ахбор», муфтии собиқ аз мардони дигар ҳам даъват кардааст, ки ба вай пайравӣ кунанд ва агар тавонашро дошта бошанд, зани дуюм бигиранд.

Гуфта мешавад, ҳомиёни ҳуқуқи занон дар Қирғизистон ҳушдор додаанд, ки ба додситонӣ аз Чӯбак-ҳоҷӣ шикоят хоҳанд бурд.

Чӯбак-ҳоҷӣ Ҷалилов қаблан ҳам аз бисёрзанӣ пуштибонӣ мекард ва талаб дошт, ки дар Қирғизистон ба бисёрзанӣ иҷозат бидиҳанд: "Дар Қирғизистон шумораи занони бешавҳар назар ба мардон 58 ҳазор бештар аст. Онҳо интихоби зиёде надоранд: Ё шавҳари хитоӣ кардан, ё бе шавҳар мондан ваё зани дуюм шудан. Яъне 58 ҳазор мард бояд зани дуюм бигиранд.”

Муфтии собиқ ҳамчунин хоста буд, то дар масъалаи гирифтани чанд зан сиёсатмадорони қирғиз худ намунаи ибрат шаванд: "Ба ақидаи ман, вакили парлумон бояд касе шавад, ки ду зан дорад. Оне ки ду занро таъмин карда метавонад, тавони ҳалли мушкилоти мардумро ҳам дорад… Вазирон бояд се зан дошта бошанд, вагарна лоиқи мақоми баланд нестанд. Раисиҷумҳур бояд 4 зан дошта бошад.”

Аммо тибқи қонунгузории Қирғизистон, бисёрзанӣ дар ин кишвар мамнӯъ буда, барояш ҳамчун муҷозот то ду соли зиндон пешбинӣ шудааст.

Эътирофи муфтии собиқ дар бораи гирифтани зани дуюм мавҷи эътирозҳои ҳомиёни ҳуқуқи занон дар Қирғизистонро ба бор овард. Азиза Абдурасулова, разбари маркази ҳуқуқи башари "Қилим шами” гуфт, аз додситонӣ талаб хоҳад кард, то ба суханронии ахири Чӯбак-ҳоҷӣ Ҷалилов баҳои ҳуқуқӣ бидиҳад: "Дар ин видео Чӯбак-ҳоҷӣ Ҷалилов бо забони худаш иқрор мекунад, ки дидаву дониста қонунҳои кишварро вайрон кардааст. Бар илова, ӯ аз шаҳрвандони дигар ҳам даъват мекунад, ки қонуншиканӣ кунанд. Аз ин рӯ, созмони "Қилим шами” расман ба додситонии шаҳри Бишкек муроҷиат хоҳад кард.”

Дини Ислом вобаста ба имконоти мард ва таҳти шароити хос то 4 зан гирифтанро иҷозат медиҳад. Вале ҳар кадоми ин ҳамсарҳо бояд соҳиби имтиёзҳои мушаххас, аз ҷумлаи нафақаи муносиб ва манзили худ бошанд ва мард бояд баробариро байни онҳо таъмин кунад.

Вале қонунгузории дунявии кишварҳои мусалмоннишини Осиёи Марказӣ бисёрзаниро иҷозат намедиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.