Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Дар Душанбе иҷлосияи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон баргузор мешавад; – Дар Душанбе кори ҷаласаи чоруми роҳбарони Китобхонаҳои миллии кишварҳи узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (СҲИ) ба итмом мерасад; – Анҷоми сафари муовини фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди Ситоди марказии артиши ИМА, генерал-лейтенант Теренс Мак Кенрик ба Душанбе. ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор нисбат ба сомонӣ […]

АНОНС

– Дар Душанбе иҷлосияи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон баргузор мешавад;

– Дар Душанбе кори ҷаласаи чоруми роҳбарони Китобхонаҳои миллии кишварҳи узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (СҲИ) ба итмом мерасад;

– Анҷоми сафари муовини фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди Ситоди марказии артиши ИМА, генерал-лейтенант Теренс Мак Кенрик ба Душанбе.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.8224 сомонӣ;

1 евро – 10.4863 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1494 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1947 — Маҷмаи Умумии СММ бобати дар қаламрави Фаластин таъсис додани давлатҳои арабӣ ва яҳудиён Қатънома қабул кард.

2009 — Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода додани хатти интиқоли барқи 500 кВ «Ҷануб-Шимол» иштирок кард.

1936 – Зодрӯзи актрисаи кино, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Дилбар Қосимова.

1961-1992 – Зодрӯзи овозхони эстрада, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Кароматулло Қурбонов.

1962 – Мавлуди рӯзноманигор, дорандаи Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, директори генералии Гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» Умед Бобохонов.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ боришот (борону барф).

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3, рӯзона +9+14, дар доманакӯҳҳо шабона -4-9, рӯзона 0+5.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +12+17; дар доманакӯҳҳо шабона -3+2, рӯзона +8+13.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.  

Ҳарорат: дар ғарб шабона 0-5, рӯзона +7+12; дар шарқ шабона -11-16, рӯзона -3+2.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ боришот (борону барф).

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3, рӯзона +12+17; дар доманакӯҳҳо шабона 0-5, рӯзона +2+7.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +14+16.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +12+14.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +14+16.  

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -3-5, рӯзона +8+10.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.