Ҷаласаи роҳбарони Китобхонаҳои миллии кишварҳои узви СҲИ дар Тоҷикистон

Дар Душанбе ҷаласаи чоруми раисони китобхонаҳои миллии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (СҲИ) ба кор шурӯъ намуд. Тавре аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар доданд, ҷаласа дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷараён дошта, то санаи 29 ноябр идома меёбад. Гуфта мешавад, дар ин машварат роҳбарони Китобхонаҳои миллии 10 кишвари узви СҲИ – Тоҷикистон, Афғонистон, Озарбойҷон, Эрон, […]

Дар Душанбе ҷаласаи чоруми раисони китобхонаҳои миллии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (СҲИ) ба кор шурӯъ намуд.

Тавре аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар доданд, ҷаласа дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷараён дошта, то санаи 29 ноябр идома меёбад.

Гуфта мешавад, дар ин машварат роҳбарони Китобхонаҳои миллии 10 кишвари узви СҲИ – Тоҷикистон, Афғонистон, Озарбойҷон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Туркия, Туркманистон ва Ӯзбекистана иштирок доранд.

Дар ҷаласа масоили ҳамкориҳо миёни китобхонаҳои миллии кишварҳо ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба мавриди баррасӣ қарор дорад.

Ҳамчунин дар рафти машварат ба масъалаҳои табодули маълумот, эҳё ва барқарор кардани китобҳо, табодули таҷриба ва мутахассисон дар соҳаи китобдорӣ, имкони таъсиси сомонаи ягонаи китобхонаҳои миллии кишварҳои узви СҲИ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.