Эмомалӣ Раҳмон се мансабдори баландпояро аз мақомашон барканор кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни маҷлиси ҳукумат нисбат ба воридоти маҳсулоти хӯрокаи пастсифату ба саломатии мардум зараровари озуқа изҳори нигаронӣ намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат,  зикр гардид, ки «гӯшти мурғи воридмешуда пастсифат буда, баъзан ҳатто барои истеъмол хатарнок аст». Зикр мегардад, ки бо ин сабаб бинобар беэътиноӣ зоҳир кардан ба вазифаҳои […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни маҷлиси ҳукумат нисбат ба воридоти маҳсулоти хӯрокаи пастсифату ба саломатии мардум зараровари озуқа изҳори нигаронӣ намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат,  зикр гардид, ки «гӯшти мурғи воридмешуда пастсифат буда, баъзан ҳатто барои истеъмол хатарнок аст».

Зикр мегардад, ки бо ин сабаб бинобар беэътиноӣ зоҳир кардан ба вазифаҳои ишғолкарда ва беназоратӣ нисбат ба воридоти маҳсулоти пастсифати хӯрока, директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди ҳукумати ҶТ  Ибодулло Қурбониён, Хадамоти назорати байтории Вазорати кишоварзии ҶТ Шералӣ Вазиров ва Хадамоти назорати давлатии санитариву эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Холмуҳаммад Каримзода аз вазифа озод карда шуданд.

Дар маҷлиси ҳукумат ҳамчунин гузориши вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2022» ва дар бораи лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ” шунида шуд.

Эмомалӣ Раҳмон барои татбиқи босамари барнома ба Вазорати маориф ва илм, мақомотҳои марказии ҳокимияти давлатӣ супориш дод, ки барномаи мазкурро дар доираи маблағҳои барои соҳаи маориф ҳамасола пешбинишуда ва аз ҳисоби дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ тибқи тартиби муқарраргардида амалӣ намоянд.

Қобили зикр аст, ки маъмулан мансабдорони давлатии Тоҷикистонро бидуни ба шаҳрвандон шарҳ додани сабаб аз кор озод мекунанд, ки боиси ҳар гуна овозаҳову хулосабарорӣ мешавад. Ахиран ин нахустин қарори ҳукумат дар бораи аз кор барканор шудани мансабдорони баландпоя аст, ки бо шарҳи сабаби он сурат мегирад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.