Бозгашти собиқ мушовири раиси ҲНИТ аз Эрон ба Душанбе

Собиқ мушовири раиси Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон Саидиброҳими Назар, ки аз моҳи августи соли 2015 дар Эрон зиндагӣ ихтиёр карда буд, охири ҳафтаи сипаришуда ба Душанбе баргашт. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохтори қудратии ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод. Бино ба гуфтаи манбаъ, ҳангоми исёни мусаллаҳонаи собиқ муовини вазири […]

Собиқ мушовири раиси Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон Саидиброҳими Назар, ки аз моҳи августи соли 2015 дар Эрон зиндагӣ ихтиёр карда буд, охири ҳафтаи сипаришуда ба Душанбе баргашт. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохтори қудратии ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.

Бино ба гуфтаи манбаъ, ҳангоми исёни мусаллаҳонаи собиқ муовини вазири мудофиаи ҷумҳурӣ генерал Абдуҳалим Назарзода нимаи моҳи сентябри соли 2016 Саидиброҳими Назар дар Эрон ба сар бурда, бо ҲНИТ робита надошт.

Зикр мегардад, ки собиқ мушовири ҲНИТ «баъди интихоботи парлумонии моҳи марти соли 2015 дар Тоҷикистон аз робитаву ҳамкорӣ бо ҳизб канор рафт».

Ба иттилои манбаъ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ нисбати Саидиброҳими Назар ҳеҷ даъвое надоранд ва касе ӯро боздошту болояш фишор оварданӣ нест.

Дар ҳамин ҳол, моҳи майи соли 2015 суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе мушвори раиси ҲНИт Саидиброҳими Назарро барои серзанагӣ 60 ҳазор сомонӣ ҷарима кард.

Дар гузориши шабакаи телевизиони давлатӣ қайд шуда буд, ки ӯ чор зан дошта, бо ҳамаи онҳо зиндагӣ дорад. Тафтиш нисбати ӯ баъди шикояти ҳамсари чормуаш шурӯъ шуд, ки санаи 9 апрел ба Прокуратураи генералӣ муроҷиат карда буд. Худи ӯ он замон иқрор шуда буд, ки ду зан дорад.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти сомонаи расонаи мустақили Akhbor.com, сабаби ин тасмим ва шарту шурути бозгашти Саидиброҳими Назар эълон нашудааст ва мақомоти расмии Тоҷикистон низ ин хабарро ҳанӯз шарҳ надодаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.