Вакилон бори дигар бобати мушкили амонатгузорон ба раиси БМТ савол доданд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ имрӯз аз раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамшед Нурмаҳмадзода пурсиданд, ки мушкили пулгирии амонатгузорони «Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк» кай дар ниҳояти кор ҳаллу фасл мешавад.

Ба қавли вакил Рустам Қудратов, интихобкунандагон ҳамеша ба намояндаҳои худ дар парлумон дар ин хусус савол медиҳанд.

Раиси Бонки миллӣ ба вакилон мушаххасан дар ин бора посух нагуфта, дар ҳамин ҳол таъкид дошт, ки ин мушкилот давра ба давра ҳал хоҳад шуд.

Ба гуфтаи Ҷамшед Нурмаҳмадзода, танҳо тӯли 2 моҳи охир «Агроинвестбонк» ба амонатгузорони худ беш аз 61 млн. сомонӣ ва «Тоҷиксодиротбонк» – 54 млн. сомонӣ маблағҳояшонро баргардонидаанд.

«Ҳарду бонк бо амонатгузороне, ки дар суратҳисобҳояшон на бештар аз 500 доллар маблағ доштанд, пурра ҳисоббаробарӣ карданд», – қайд кард раиси Бонки миллӣ.

Раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров қайд кард, ки мувофиқи маълумоте, ки ӯ дар даст дорад, айни замон бонкҳои зикршуда ба саҳмгузорони худ беш аз 1,5 млрд. сомонӣ пулҳояшонро пардохта, акнун баргардонидани наздики 1,3 млрд. сомонии дигар боқӣ мондааст.

Тибқи маълумоти раиси БМТ, аз рӯи натиҷаҳои 10 моҳи соли равон аҳолии кишвар ба бонкҳо 470 млн. сомонӣ маблағ гузоштаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 фоиз камтар аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...