Ғазаби шабакаҳои иҷтимоӣ аз видеои шикорчии гӯсфанди Марко Поло

Дар навор Брайан Мартин, молики ширкати канадагии Asian Mountain Outfitters шикори дар тамоми ҳаёташ як маротиба дастдодаро таърифу тавсиф мекунад. Айни замон шикорчӣ дар Тоҷикистон қарор дошта, ҳавйвони дохил дар Китоби сурх – гӯсфанди Марко Полоро куштааст. Навори видеои мазкур дар саҳифаи ҷамъияти шикорчииёни Argali дар Фейсбук гузошта шудааст. Дар ҳамин ҳол, одамон дар шабакаҳои […]

Дар навор Брайан Мартин, молики ширкати канадагии Asian Mountain Outfitters шикори дар тамоми ҳаёташ як маротиба дастдодаро таърифу тавсиф мекунад.

Айни замон шикорчӣ дар Тоҷикистон қарор дошта, ҳавйвони дохил дар Китоби сурх – гӯсфанди Марко Полоро куштааст.

Навори видеои мазкур дар саҳифаи ҷамъияти шикорчииёни Argali дар Фейсбук гузошта шудааст.

Дар ҳамин ҳол, одамон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба рӯзноманигорон баргузори тафтишоти то куҷо қонунӣ кушта шудани ҳайвонро тавсия медиҳанд. Ҳомиёни ҳайвонот ин амалро разилӣ мешуморанд, ҳарчанд тибқи қонунҳои Тоҷикистон, куштани Марко Поло манъ нест. Танҳо пул пардохт кардан лозим аст.

Шикори ҳайвонот дар Тоҷикистон бар асоси пардохти маблағ бо тартиботи муқарраршудаи ҳукумати ҷумҳурӣ сурат мегирад.

Тибқи маълумоти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҶТ, имсол ба шикори 85 гӯсфанди Марко Поло иҷозат дода шудааст, ки нархи шикори ҳар яке 45 ҳазор сомониро ташкил дода, аз ин шумор то нимаи тобистон аллакай 66 ин навъи гӯсфанд шикор ва аз ин ҳисоб ба давлат 3 млн. сомонӣ даромад ворид шудааст. Саршумори гӯсфанди Марко Поло дар Тоҷикистон ба 23-25 ҳазор адад мерасад.

Дар ҳамин ҳол, нархи шикори қонунӣ иваз нашудааст. Бо дастрас кардани иҷозатнома ба маблағи 45 ҳазор сомонӣ, шикорчиён бар асоси қонунӣ метавонанд ба шикори гӯсфанди Марко Поло раванд.

Ҳамасола аз ҳисоби шикори навъҳои нодири ҳайвонот буҷети кишвар 5 млн. сомонӣ маблағ ба даст меорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.