Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Дар суди ноҳияи Синои пойтахт мурофиа оид ба пардохти ҷуброни зиён барои тафтиши бесамар ва ғайримунсифонаи парвандаи марбут ба марги Умар Бобоҷонови 23-сола идома меёбад; – Дар маркази тиҷоратии «Вефа» аз соати 15:00 то 17:00 маросими супурдани диплом ба адвокатҳо ва дигар фаъолон барои саҳмашон дар пешбурди риоя ва ҳимояи ҳуқуқи инсон дар […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар суди ноҳияи Синои пойтахт мурофиа оид ба пардохти ҷуброни зиён барои тафтиши бесамар ва ғайримунсифонаи парвандаи марбут ба марги Умар Бобоҷонови 23-сола идома меёбад;

– Дар маркази тиҷоратии «Вефа» аз соати 15:00 то 17:00 маросими супурдани диплом ба адвокатҳо ва дигар фаъолон барои саҳмашон дар пешбурди риоя ва ҳимояи ҳуқуқи инсон дар бахши озодӣ аз шиканҷа дар Тоҷикистон доир мегардад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.8278 сомонӣ;

1 евро – 10.4009 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1487 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1965 — Комбинати бузургтарин дар ҷумҳурии шири Душанбе ба истифода дода шуд.

1991 – Иттиҳоди Шӯравӣ пош хӯрд. Сарони кишварҳои Русия (Елтсин), Украина (Кравчук) ва раиси Шӯрои Олии Белорус (Шушкевич) Шартнома дар бораи таъсиси Иттиҳоди Шӯравиро бекор намуданд.

1919-1985 – Зодрӯзи ходими давлатӣ Бобо Маҳкамов.

1949 – Мавлуди коргардон, оҳангсоз ва овозхон, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Мирзоватан Миров.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +9+14, дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона +1+6.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +13+18; дар доманакӯҳҳо шабона 0-5, рӯзона +5+10.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.  

Ҳарорат: дар ғарб шабона -5-10, рӯзона +7+12; дар шарқ шабона -16-21, рӯзона -2+3.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4, рӯзона +13+18; дар доманакӯҳҳо шабона -1-6, рӯзона +5+10.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +10+12.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +10+12.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +14+16.  

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -4-6, рӯзона +8+10.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.