Дар истеҳсоли тилло Тоҷикистон ба марраи нав расиданист

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҷараёни истихроҷи металлҳои қиматбаҳо аз қаъри замини Тоҷикистон босуръат идома дошта, аз оғози сол танҳо ҳаҷми истихроҷи нуқра қариб ду баробар ва тилло – 17 фоиз афзуд.

Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта тӯли 10 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истихроҷи тилло – 16,4% ва нуқра – 89,72% афзудааст.

Қайд мешавад, ки дар афзоиши истихроҷи металлҳои қиматбаҳо саҳми корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин – «Зарафшон» ва «Апрелевка», ҳамчунин корхонаи давлатии «Тиллои тоҷик» назаррас аст.

Рақами мушаххаси ҳаҷми истеҳсоли металлҳои қиматбаҳоро дар Тоҷикистон мансабдорон ифшо накарда, изҳор медоранд, ки чунин маълумот махфӣ аст.

Аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта дар Тоҷикистон ҳаҷми рекордии 5 тонна тилло ва 3,2 тонна нуқра истеҳсол шуда, дар муқоиса бо соли 2015 ҳаҷми истихроҷи тилло – 500 кило ва нуқра – 200 кило зиёд шуд.

Дар назар аст, ки аз ҳисоби мавриди истифода қарор додани иқтидорҳои нав соли 2022 ҳаҷми солонаи истихроҷи тилло дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 7 баробар афзуда мешавад, яъне агар соли 2012 каме бештар аз 2,4 тонна металли №1 истеҳсол шуда бошад, пас соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли онро то ба 16,8 тонна расониданианд.

Дар Вазорати саноат бар ин назаранд, ки барои афзоиши ҳаҷми истихроҷи тилло аз ҳисоби амалисозии лоиҳаҳои бузург дар конҳои Таррор, Чоре, Пакрут ва ғайра дар ҷумҳурӣ шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.

«Тоҷикистон захираҳои бойи тилло дорад, – таъкид доштанд дар ин ниҳод. – Дороиҳои тиллои Тоҷикистон аз 137 кон бо захираҳои ҳисобшудаи тиллои саноатӣ ва 127 кон бо захираҳои тиллои ғайрисаноатӣ иборат аст».

Конҳои асосии тиллои Тоҷикистон бо захираҳои тавозунӣ дар қисмати марказии ҷумҳурӣ воқеъ мебошанд.

Қобили зикр аст, ки солҳои охир иҷозатнома барои истихроҷи тилло дар Тоҷикистонро асосан ширкатҳои Чин дастрас мекунанд, ки маъмулан бо намояндагони тиҷорати Тоҷикистон корхонаҳои муштарак таъсис медиҳанд.

Дар Тоҷикистон зиёда аз 10 корхона ба истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо машғуланд, ки бузургтарини онҳо – КМ «Зарафшон», КМ «Апрелевка», корхонаи давлатии «Тиллои тоҷик», корхонаи заршӯйӣ (артел)-и «Одина» ва ширкати «Пакрут» мебошанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...