Эмомалӣ Раҳмон ба Урдун оби нӯшокӣ пешниҳод кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо вакилони Шӯрои пойтахти Урдун – шаҳри Аммон пешниҳод кард, ки масъалаи таъмини Урдун бо оби нӯшокии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирад. Чуноне ки дар навори видео тариқи шабакаҳои телевизиони давлатии ҷумҳурӣ намоиш дода шуд, пешниҳоди Сарвари давлати Тоҷикистонро вакилони шаҳри Аммон бо кафкӯбиҳо пазируфтанд. Эмомалӣ Раҳмон хотиррасон намуд, […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо вакилони Шӯрои пойтахти Урдун – шаҳри Аммон пешниҳод кард, ки масъалаи таъмини Урдун бо оби нӯшокии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирад.

Чуноне ки дар навори видео тариқи шабакаҳои телевизиони давлатии ҷумҳурӣ намоиш дода шуд, пешниҳоди Сарвари давлати Тоҷикистонро вакилони шаҳри Аммон бо кафкӯбиҳо пазируфтанд.

Эмомалӣ Раҳмон хотиррасон намуд, ки аз нигоҳи захираҳои оби ошомиданӣ Тоҷикистон дар саросари ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол намуда, ҳудуди 60 фоизи оби нӯшокии минтақаи Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ташаккул меёбад.

«Барои интиқоли нафту газ дар саросари дунё садҳо ҳазор километр қубуру лӯлаҳо сохта шуда, магар имкон надорад, ки барои интиқоли оби нӯшокӣ аз Тоҷикистон ба Урдун қубур бунёд намуд?», – қайд кард зимни суханронӣ Президенти Тоҷикистон.

Бино ба маълумоти вазири захираҳои обу обёрии Урдун Хазем ал-Носир, ки гуфтаҳои ӯро нашрияи «Известия» меорад, камбуди об дар кишвари ӯ аллакай 600 млрд. литр дар як солро ташкил дода, маблағи пардохти 1 метри мукааби об 0,7 долларро ташкил медиҳад ва ин дар ҳолест, ки арзиши аслии интиқоли он ба 2,5 доллар баробар аст. Урдун ҳамасола барои таъмини обу обёрӣ 277 млн. доллар маблағ харҷ мекунад.

Ёдрас мекунем, ки охири ҳафтаи гузашта Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Шоҳигарии Ҳошимии Урдун ташриф овард. Дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Аммон ба Сарвари давлати Тоҷикистон унвони олии – Шаҳрванди фахрии шаҳри Аммони Шоҳигарии Ҳошимии Урдун дода шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.