Манбаъ: Хайрулло Мирсаидов шояд барои кадом як шӯхие «ҷазо мегирад»

Роҳбари дастаи зарофатгӯёну ҳозирҷавобони Тоҷикистон («Сборная КВН Таджикистана») Хайрулло Мирсаидов, ки рӯзи 5 декабр боздошт ва айни замон дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Хуҷанд қарор дорад, имрӯз бояд бо адвокати аз ҷониби оилааш кирокарда вохӯрад. Ёдрас мекунем, ки қаблан нисбати Хайрулло Мирсаидов бо чор моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – «азхудкунӣ ва сарфи маблағҳо», «барангехтани адовати […]

Asia-Plus

Роҳбари дастаи зарофатгӯёну ҳозирҷавобони Тоҷикистон («Сборная КВН Таджикистана») Хайрулло Мирсаидов, ки рӯзи 5 декабр боздошт ва айни замон дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Хуҷанд қарор дорад, имрӯз бояд бо адвокати аз ҷониби оилааш кирокарда вохӯрад.

Ёдрас мекунем, ки қаблан нисбати Хайрулло Мирсаидов бо чор моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – «азхудкунӣ ва сарфи маблағҳо», «барангехтани адовати милливу нажодӣ ва динӣ», «тақаллуби санадҳо» ва «дидаву дониста додани иттилои бардурӯғ» парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Суд нисбати ӯ доир ба чораи пешгирии дар ҳабс нигоҳ доштан қарор содир намуда, корҳои тафтишотиро шуъбаи тафтишоти прокуратураи вилоят анҷом медиҳад.

Тибқи маълумоти манбаи «Азия-Плюс», ки аз ҷараёни тафтишот огаҳӣ дорад, моддаи вазнинтарини пешниҳодшуда ба ӯ – «барангехтани адовати милливу нажодӣ ва динӣ» мебошад. Шояд ин айбнома барои кадом як шӯхие, ки иштирокчиёни даста зимни ҳунарнамоӣ ба он роҳ додаанду ба назари касе эҳтимол бебарору ноком намояд, пешниҳод шуда бошад.

Ба гуфтаи сарёвари прокурори вилоят, корманди хадамоти матбуот Гулчеҳра Ғоибназарова, парванда бар асоси маводи дар интернет нашршуда аз ҷониби худи Мирсаидов ва аризаи сардори Раёсати ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Олим Зоҳидзода оғоз гардидааст.

Имрӯз дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» Ҳабибулло, падари Хайрулло Мирсаидов хабар дод, ки адвокат Аскар Турсунов имрӯз ба ҳимоя аз ҳуқуқҳои писараш пардохтааст.

Ҳабибулло Мирсаидов ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки рӯзи шанбе ӯ ба тавқифгоҳи муваққатӣ барои писараш маводи ғизойӣ бурда, имрӯз низ баъди аз ҷониби адвокат иҷоза гирифтани дидор бо писараш, боз ба он ҷо меравад.

Идораи «Азия-Плюс» бо адвокат Аскар Турсунов дар тамос шуда, ӯ изҳор намуд, ки то ҳол бо зерҳимояи худ вонахӯрдааст.

Ӯ ҳамчунин ба савол дар бораи сабаби ба моддаи – «барангехтани адовати милливу нажодӣ ва динӣ» айбдор кардани зерҳимояаш посух гуфта натавонист.

Дар навбати худ падари боздоштшуда гуфт:

«Мегӯянд, ки дар ҳунарнамоиҳои худ дар толор ӯ гӯё шаъну эътибори мардуми тоҷикро паст зада бошад».

Дар ҳамин ҳол, бо ҳабси роҳбари даста, тими КВН Тоҷикистон аз иштирок дар мусобиқаи Ҷоми лигаи Москва, ки санаи 9 декабр доир гардид, маҳрум шуд.

Иштирокчиёни дастаи КВН Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» изҳор намуданд, ки ба сафари охир бо қарз рафта, акнун барои иштирок дар мусобиқаҳои оянда, аввал бояд қарзҳоро пардохт намуд. «Роҳбарони Лига низ аз вазъи мо бохабаранд», – гуфтанд онҳо.

Зикр гардид, ки барномаи охирини онҳо ба масоили иҷтимоӣ, аз ҷумла доир ба футбол, қолабҳои маъмулии қабулшуда нисбати тоҷикон дар Москва, ба таваққуфгоҳ гузоштани мошин ва ғайра бахшида шуда буданд.

Ҳамчунин иштирокчиёни даста изҳор намуданд, ки моҳи январ баргузории Фестивали Сочи дар назар буда, агар даста дар он иштирок накунад, пас метавон гуфт, ки фаъолияти тими КВН Тоҷикистон низ хотима меёбад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.