IFC: Тиҷорат соҳибкасбӣ ва хушмуомилагии кормандони андозро меписандад

Дар Тоҷикистон сарбории маъмурии марбут ба аз ҷониби бахши тиҷорат ба иҷро расидани уҳдадориҳои пардохти андоз коҳиш ёфта, нисбат ба соли 2012 хароҷоти умумии тоҷирон дар соли 2016 ба андозаи 8 млн. доллар кам шудааст. Таҳлилгарони Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (IFC), ки ба Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ шомил аст, зимни арзёбии хароҷоти бахши тиҷорат баррои иҷрои қонунгузории […]

Наим Халимов

Дар Тоҷикистон сарбории маъмурии марбут ба аз ҷониби бахши тиҷорат ба иҷро расидани уҳдадориҳои пардохти андоз коҳиш ёфта, нисбат ба соли 2012 хароҷоти умумии тоҷирон дар соли 2016 ба андозаи 8 млн. доллар кам шудааст.

Таҳлилгарони Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (IFC), ки ба Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ шомил аст, зимни арзёбии хароҷоти бахши тиҷорат баррои иҷрои қонунгузории андози Тоҷикистон давоми солҳои 2012, 2014 ва 2016 ба чунин хулоса расидааст. Таҳқиқот бо дастгирии молии ҳукумати Швейтсария ва Вазорати рушди байнулмилалии Британияи Кабир (DFID) гузаронида шудааст.

«Натиҷаҳои таҳқиқот гувоҳи онанд, ки тайи чанд соли ахир сарбории маъмурии марбут ба иҷрои уҳдадориҳои пардохти андоз коҳиш ёфта, агар соли 2012 1 андозсупоранда барои риояи қонунгузории андоз 33 рӯзи корӣ сарф мекард, пас соли 2016 ин нишондиҳанда  то 21 рӯз (ё худ 36%) кам шудааст, ки ба аз ҷониби ҳамаи андозсупорандагон сарфа шудани наздики 8 млн. доллар боис гардид», – хабар медиҳад намояндагии IFC дар Душанбе.

Тибқи арзёбии коршиносони Корпоратсия, «ин коҳишёбӣ ба камшавии вақт барои баҳисобгирии андоз ва пешниҳоди ҳисобот, ҳамчунин ба туфайли амалисозии барномаи супурдани эъломияи андозҳо дар шакли электронӣ (аз соли 2012) имконпазир гардида, агар қариб нисфи андозсупорандагон пешниҳоди шакли электронии эъломияро сарфи назар карда бошанд ҳам, пас барои ин онҳо имкони техникӣ (компютер, интернет) надоштаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки «андозсупоранагони пурсидашуда аксаран сифатҳое чун тахассуснокӣ, соҳибкасбӣ ва хушмуомилагии кормандони мақомоти андозро зикр кардаанд».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.