Боздошти тоҷикистонии гумонбар ба тарҳрезии теракт дар Петербург

Дар шаҳри Санкт-Петербург ба гумони робита бо фаъолияти созмони террористӣ шаҳрванди Тоҷикистон Умар Маҳмадиев боздошт шуд. Бино ба иттилои CA-NEWS, боздоштшуда ният доштааст, ки ба сафҳои гурӯҳи «Давлати исломӣ» пайваста, дар шаҳри Санкт-Петербург амали террористӣ содир кунад. Нисбати боздоштшуда чораи пешгирии дар ҳабс нигоҳ доштан ба муҳлати то 7 феврали соли 2017 амалӣ мешавад. Хабаргузории […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Санкт-Петербург ба гумони робита бо фаъолияти созмони террористӣ шаҳрванди Тоҷикистон Умар Маҳмадиев боздошт шуд.

Бино ба иттилои CA-NEWS, боздоштшуда ният доштааст, ки ба сафҳои гурӯҳи «Давлати исломӣ» пайваста, дар шаҳри Санкт-Петербург амали террористӣ содир кунад.

Нисбати боздоштшуда чораи пешгирии дар ҳабс нигоҳ доштан ба муҳлати то 7 феврали соли 2017 амалӣ мешавад.

Хабаргузории ТАСС менавиисад, Маҳмадиев шоми рӯзи 8 декабр дар қаламрави фурудгоҳи Пулково зимни гузаштан аз назорати гумрукӣ боздошт шуда, тибқи маълумоти сарчашмаҳои наздик ба тафтишот, ба Туркия азми сафар доштааст.

Гуфта мешавад, сипас ният доштааст, ки аз Туркия ба Афғонистон раҳсипор гардида, ба сафҳои Давлати исломӣ шомил гардад.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки дар сурати муваффақ нагардидан ба тарки қаламрави Русия, Маҳмадиев содир намудани амали террористӣ дар Петербургро тарҳрезӣ карда будааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.