Ҳамасола 55% афзудани сармоягузориҳои мустақими Чин ба Тоҷикистон

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳаҷми афзоиши сармоягузориҳои мустақими Чин ба Тоҷикистон тайи панҷ соли охир ба ҳисоби миёна 55%-ро ташкил дода, қариб нисфи он ба коркарди конҳои металлҳои ранга равона мешаванд.

«Афзоиши назарраси сармоягузориҳои мустақими Чин баъди ҳаллу фасли масъалаи баҳсҳо дар мавриди қаламрави кишварҳо соли 2011 ба мушоҳида мерасад», – қайд мешавад дар гузориши Бонки авруосиёии рушд “БАОР ва кишварҳои қитъаи Авруосиё: мониторинг ва таҳлили сармоягузориҳои мустақим-2017».

Таҳлилгарони бонк зикр мекунанд, ки нахустин лоиҳаҳои сармоягузорӣ бештар ба коркарди конҳои металлҳои ранга дахл дошта, тӯли соли охир сармоягузорон ба бахши истеҳсоли масолеҳи сохтмон низ таваҷҷуҳ зоҳир карда истодаанд.

«Охири соли 2016 аз ҳаҷми умумии сармоягузориҳои мустақими андӯхтаи чинӣ 46% ба соҳаи металлургияи ранга ва наздики 20% ба бахши сохтмон рост омада, дар соҳаҳои таъминот бо сӯзишворӣ ва сохтмон, аз ҷумла бунёди қитъаи тоҷикистонии лӯлаи интиқоли гази “Туркманистон – Чин” ва навбати аввали корхонаи коркарди нафту газ дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» як қатор лоиҳаҳо амалӣ мешаванд», – таъкид доштаанд муаллифони гузориш.

Бино ба маъулмоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ, ба охири соли 2016 ҳаҷми умумии сармоягузориҳои мустақими андӯхтаи Тоҷикистон қариб 3,1 млрд. долларро ташкил медиҳад, ки ҳудуди 32 фоизаш (1 млрд. 16 млн. доллар) ба Чин рост меояд.

Барои муқоиса: охири соли 2016 ҳаҷми умумии сармоягузориҳои мустақими андӯхтаи ҳамаи кишварҳои ИДМ ба иқтисоди Тоҷикистон ба 950 млн. доллар баробар аст.

Семоҳаи аввали соли равон ба иқтисоди Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 130 млн. доллар сармоягузориҳои мустақим сурат гирифтанд, ки зиёда аз 60 фоизаш (беш аз 76 млн. доллар) саҳмгузории Чин мебошад. 

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.