Ихтиёриён муҳоҷирони Маскавро ба курсҳои бепули омӯзиши забон даъват мекунанд

Имрӯз, 13 декабр дар Китобхонаи ба номи Н.А.Некрасови шаҳри Маскав курсҳои бепули омӯзиши забони русӣ ва англисӣ, ки аз ҷониби ихтиёриёни дорои маълумоти омӯзгорӣ ташкил шудаанд, ба фаъолият оғоз мекунанд. Тавре яке аз ташкилкунандагони курсҳо ва омӯзгор Евгения Иванова хабар додааст, дар курсҳо ҳамаи муҳоҷирони меҳнатии хоҳишманд, ки сатҳи дониши забони русӣ ва англисиашон кофӣ […]

Asia-Plus

Имрӯз, 13 декабр дар Китобхонаи ба номи Н.А.Некрасови шаҳри Маскав курсҳои бепули омӯзиши забони русӣ ва англисӣ, ки аз ҷониби ихтиёриёни дорои маълумоти омӯзгорӣ ташкил шудаанд, ба фаъолият оғоз мекунанд.

Тавре яке аз ташкилкунандагони курсҳо ва омӯзгор Евгения Иванова хабар додааст, дар курсҳо ҳамаи муҳоҷирони меҳнатии хоҳишманд, ки сатҳи дониши забони русӣ ва англисиашон кофӣ нест, иштирок карда метавонанд.

“Машғулияти курсҳоро ихтиёриёни дорои маълумоти омӯзгорӣ ва таҷрибаи кори муаллимӣ мегузаронанд. Курсҳои мо ба зиёд кардани калимадонӣ ва баланд бардоштани сатҳи саводнокии шифоҳӣ ва хаттӣ нигаронида шуда, ҳамзамон иштирокчиёни он бо матнҳои аҳамиятноки адабӣ шинос мешаванд”, – қайд кардааст ӯ.

Гуфта мешавад, барномаи курсҳо аз ду қисмат – омӯзиши забони русӣ ва англисӣ иборат буда, ба ҳалли мушкилоти асосии муносибати гуфтугӯ ва тарзи рафтору кирдор дар муҳити нави забонӣ ва фарҳангӣ мусоидат мекунад.

Забони русӣ – омӯзиш аз сатҳи минималии гуфтугӯи шифоҳӣ.

Забони англисӣ – омӯзиш аз сатҳи сифр то азхуд кардани малакаи муколама дар мавзӯъҳои оддӣ, донистани грамматика (сарфу наҳв) ва лексика (калимашиносӣ) дар сатҳи заминавӣ.

Оғози машғулиятҳо 13 декабр (имкони ҳамроҳшавӣ ба гурӯҳ дар муддати 2 моҳ)

Давраи баргузории курсҳо: Аз моҳи декабри соли 2017 то моҳи июни соли 2018

Рӯзҳои чоршанбе: аз соати 20:00 то 22:00.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.