Танбеҳи комиссарони ҳарбии нақшаи даъватро иҷронакарда

Зимни ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Ситоди ҷумҳуриявии даъвати тирамоҳии  соли 2017 муовини сарвазири ҷумҳурӣ, раиси Ситод Азим Иброҳим ба масъулин ва комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Ҳисор, Рашт, Лахш, Фархор ва Қубодиён танбеҳ ва шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Хоруғ, Исфара ва Файзобод огоҳӣ эълон кард. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар ин шаҳру навоҳӣ иҷрои нақшаи даъват […]

АМИТ «Ховар»

Зимни ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Ситоди ҷумҳуриявии даъвати тирамоҳии  соли 2017 муовини сарвазири ҷумҳурӣ, раиси Ситод Азим Иброҳим ба масъулин ва комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Ҳисор, Рашт, Лахш, Фархор ва Қубодиён танбеҳ ва шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Хоруғ, Исфара ва Файзобод огоҳӣ эълон кард.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар ин шаҳру навоҳӣ иҷрои нақшаи даъват то рӯзҳои охири моҳи ноябр кашол ёфта, аз бепарвоӣ ва муносибати ҷиддӣ надоштани раисони комиссияҳои даъватӣ ва комиссарони ҳарбии шаҳру ноҳияҳои мазкур шаҳодат медиҳад.

Гуфта мешавад, дар ин радиф фаъолияти комиссияи даъватӣ ва комиссариати ҳарбии шаҳри Душанбе бо сарварии раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ махсус қайд шуд, ки дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ даъватҳои баҳорию тирамоҳӣо дар муҳлати як моҳ бомуваффақият анҷом ёфта, ин шоистаи ибрат аст.

Муовини сарвазир ҳамчунин зикр кард, ки дар натиҷаи ташкили дурусти корҳои фаҳмондадиҳӣ, тарғибу ташвиқи ватандӯстию ватанпарварӣ дар байни ҷавонони кишвар даъвати тирамоҳии соли равон  пеш аз муҳлат таъмин гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел ва гарду ғубор дар рӯзҳои 18-20-уми май ҳушдор додааст. Ин ниҳод дар хабарномае гуфт, дар...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.