Баҳс дар парлумон: «чорводорӣ» дуруст аст ё «ҳайвонпарварӣ»?

Дар иҷлосияи имрӯзаи палатаи поёнии парлумон вакилон баъди баҳси доманадор сари масъалаи кадом калима дуруст омадан дар қонунгузорӣ – «чорводорӣ» ё «ҳайвонпарварӣ» ба хулосаи ягона расида натавонистанд. Баҳсҳо зимни баррасии тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи зотпарварӣ» сурат гирифтанд. Раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров зимни баррасии лоиҳаи қонун савол дод, ки дар санадҳои қонунгузорӣ […]

Аваз Юлдошев

Дар иҷлосияи имрӯзаи палатаи поёнии парлумон вакилон баъди баҳси доманадор сари масъалаи кадом калима дуруст омадан дар қонунгузорӣ – «чорводорӣ» ё «ҳайвонпарварӣ» ба хулосаи ягона расида натавонистанд. Баҳсҳо зимни баррасии тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи зотпарварӣ» сурат гирифтанд.

Раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров зимни баррасии лоиҳаи қонун савол дод, ки дар санадҳои қонунгузорӣ истифодаи кадоме аз ин калимаҳо – «чорводорӣ» ё «ҳайвонпарварӣ» беҳтар аст.

«Агар истилоҳи «чорводорӣ»-ро, ки муаллифони тағйироту иловаҳо пешниҳод мекунанд, қабул кунем, саволе ба миён меояд, ки оё метавон моҳӣ, занбӯриасал ва паррандаҳоро чорво номид ё ин ҷо истифодаи калимаи «ҳайвонпарварӣ» беҳтар аст?», – савол дод раиси палатаи поёнии парлумон.

Дар ин замина байни вакилони парлумон баҳси доманадоре сурат гирифта, лекин ягон хулосаи мушаххасе ҳосил нашуд.

Зимни суханронӣ доир ба ин масъала вакил Олим Салимзода қайд кард, ки дар лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба иштибоҳи дигаре ҳам роҳ дода шудааст.

«Муаалифони лоиҳа бо назардошти зоти ҳайвонот ибораи тоҷикии «авлоди чорво»-ро корбурд кардаанд, вале калимаи авлод танҳо нисбати одамон хос аст, на ҳайвонот», – иброз дошт Салимзода.

Вакил Саидҷаъфар Исмонов низ ҳамтояшро дастгирӣ карда, пешниҳод намуд, ки дар ин масъала бо ҷалби забоншиносон ташхис гузаронидан зарур аст.

Раиси палатаи поёнии парлумон пешниҳод кард, ки лоиҳаи тағйироту иловаҳо бо эзоҳҳо қабул карда шавад. «Қарор доир ба ин масъаларо ман танҳо баъди дарёфти варианти барои ҳама писанд ба имзо мерасонам», – илова кард Ш.Зуҳуров.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.