Баҳс дар парлумон: «чорводорӣ» дуруст аст ё «ҳайвонпарварӣ»?

Аваз Юлдошев

Дар иҷлосияи имрӯзаи палатаи поёнии парлумон вакилон баъди баҳси доманадор сари масъалаи кадом калима дуруст омадан дар қонунгузорӣ – «чорводорӣ» ё «ҳайвонпарварӣ» ба хулосаи ягона расида натавонистанд. Баҳсҳо зимни баррасии тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи зотпарварӣ» сурат гирифтанд.

Раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров зимни баррасии лоиҳаи қонун савол дод, ки дар санадҳои қонунгузорӣ истифодаи кадоме аз ин калимаҳо – «чорводорӣ» ё «ҳайвонпарварӣ» беҳтар аст.

«Агар истилоҳи «чорводорӣ»-ро, ки муаллифони тағйироту иловаҳо пешниҳод мекунанд, қабул кунем, саволе ба миён меояд, ки оё метавон моҳӣ, занбӯриасал ва паррандаҳоро чорво номид ё ин ҷо истифодаи калимаи «ҳайвонпарварӣ» беҳтар аст?», – савол дод раиси палатаи поёнии парлумон.

Дар ин замина байни вакилони парлумон баҳси доманадоре сурат гирифта, лекин ягон хулосаи мушаххасе ҳосил нашуд.

Зимни суханронӣ доир ба ин масъала вакил Олим Салимзода қайд кард, ки дар лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба иштибоҳи дигаре ҳам роҳ дода шудааст.

«Муаалифони лоиҳа бо назардошти зоти ҳайвонот ибораи тоҷикии «авлоди чорво»-ро корбурд кардаанд, вале калимаи авлод танҳо нисбати одамон хос аст, на ҳайвонот», – иброз дошт Салимзода.

Вакил Саидҷаъфар Исмонов низ ҳамтояшро дастгирӣ карда, пешниҳод намуд, ки дар ин масъала бо ҷалби забоншиносон ташхис гузаронидан зарур аст.

Раиси палатаи поёнии парлумон пешниҳод кард, ки лоиҳаи тағйироту иловаҳо бо эзоҳҳо қабул карда шавад. «Қарор доир ба ин масъаларо ман танҳо баъди дарёфти варианти барои ҳама писанд ба имзо мерасонам», – илова кард Ш.Зуҳуров.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.