Ихтиёриён муҳоҷирони Маскавро ба курсҳои бепули омӯзиши забон даъват мекунанд

Asia-Plus

Имрӯз, 13 декабр дар Китобхонаи ба номи Н.А.Некрасови шаҳри Маскав курсҳои бепули омӯзиши забони русӣ ва англисӣ, ки аз ҷониби ихтиёриёни дорои маълумоти омӯзгорӣ ташкил шудаанд, ба фаъолият оғоз мекунанд.

Тавре яке аз ташкилкунандагони курсҳо ва омӯзгор Евгения Иванова хабар додааст, дар курсҳо ҳамаи муҳоҷирони меҳнатии хоҳишманд, ки сатҳи дониши забони русӣ ва англисиашон кофӣ нест, иштирок карда метавонанд.

“Машғулияти курсҳоро ихтиёриёни дорои маълумоти омӯзгорӣ ва таҷрибаи кори муаллимӣ мегузаронанд. Курсҳои мо ба зиёд кардани калимадонӣ ва баланд бардоштани сатҳи саводнокии шифоҳӣ ва хаттӣ нигаронида шуда, ҳамзамон иштирокчиёни он бо матнҳои аҳамиятноки адабӣ шинос мешаванд”, – қайд кардааст ӯ.

Гуфта мешавад, барномаи курсҳо аз ду қисмат – омӯзиши забони русӣ ва англисӣ иборат буда, ба ҳалли мушкилоти асосии муносибати гуфтугӯ ва тарзи рафтору кирдор дар муҳити нави забонӣ ва фарҳангӣ мусоидат мекунад.

Забони русӣ – омӯзиш аз сатҳи минималии гуфтугӯи шифоҳӣ.

Забони англисӣ – омӯзиш аз сатҳи сифр то азхуд кардани малакаи муколама дар мавзӯъҳои оддӣ, донистани грамматика (сарфу наҳв) ва лексика (калимашиносӣ) дар сатҳи заминавӣ.

Оғози машғулиятҳо 13 декабр (имкони ҳамроҳшавӣ ба гурӯҳ дар муддати 2 моҳ)

Давраи баргузории курсҳо: Аз моҳи декабри соли 2017 то моҳи июни соли 2018

Рӯзҳои чоршанбе: аз соати 20:00 то 22:00.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.