Дар Вазорату идораҳои Тоҷикистон сарулибос ягона мешавад

Asia-Plus

Сарулибоси кормандони вазорату идораҳо дар Тоҷикистон ягона ва мутобиқ ба нишон ё аломати фарқкунандаи ин ё он вазорату идора хоҳад шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.

Расман тасдиқ ё инкор кардани маълумоти зикршуда ба «Азия-Плюс» алҳол муяссар нашуда, аммо тибқи иттилои як манбаъ дар Вазорати фарҳанги кишвар, вазорат барои навъҳои сарулибоси занона бо услуби миллӣ тарҳҳо омода намудааст.

«Назди лоиҳаи мо вазифа гузошта нашуда буд, ки барои идораҳои ҷудогона либоси ягона омода намоем, онҳо (кумитаву вазоратҳо) худашон мустақилона барои худ шакли сарулибосро интихоб карда метавонанд», – гуфтанд дар вазорат.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои манбаи «Азия-Плюс» дар ҳукумати ҷумҳурӣ, пешбинӣ мешавад, ки шакли либоси кормандони дастгоҳи иҷроияи президент ранги мавҷҳои баҳриро хоҳад дошт.

Ҳамчунин маълум аст, ки дар Кумитаи кор бо занон ва Кумитаи заминсозиву геодезия аллакай барои кормандонашон андозаи сарулибосро гирифтаанд.

Тарҳҳои сарулибоси миллии занона барои ҳамаи синунсол ва фасли солро се ниҳод – Вазорати фарҳанг, Кумитаи кор бо занону оила ва Кумитаи ҷавонон ва варзиш таҳия намудаанд. 

Аммо ба иттилои манбаи «Азия-Плюс» онҳоро гӯё президенти Тоҷикистон маъқул нашуморидааст ва бинобар ин онҳо барои коркарди дубора ба муаллифонашон баргардонида шудаанд. Рӯи албоми тарҳҳо айни замон комиссияи махсус кор мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Ӯ дирӯз, 29-уми март "бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.