Дар Вазорату идораҳои Тоҷикистон сарулибос ягона мешавад

Сарулибоси кормандони вазорату идораҳо дар Тоҷикистон ягона ва мутобиқ ба нишон ё аломати фарқкунандаи ин ё он вазорату идора хоҳад шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод. Расман тасдиқ ё инкор кардани маълумоти зикршуда ба «Азия-Плюс» алҳол муяссар нашуда, аммо тибқи иттилои як манбаъ дар Вазорати фарҳанги кишвар, вазорат […]

Asia-Plus

Сарулибоси кормандони вазорату идораҳо дар Тоҷикистон ягона ва мутобиқ ба нишон ё аломати фарқкунандаи ин ё он вазорату идора хоҳад шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.

Расман тасдиқ ё инкор кардани маълумоти зикршуда ба «Азия-Плюс» алҳол муяссар нашуда, аммо тибқи иттилои як манбаъ дар Вазорати фарҳанги кишвар, вазорат барои навъҳои сарулибоси занона бо услуби миллӣ тарҳҳо омода намудааст.

«Назди лоиҳаи мо вазифа гузошта нашуда буд, ки барои идораҳои ҷудогона либоси ягона омода намоем, онҳо (кумитаву вазоратҳо) худашон мустақилона барои худ шакли сарулибосро интихоб карда метавонанд», – гуфтанд дар вазорат.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои манбаи «Азия-Плюс» дар ҳукумати ҷумҳурӣ, пешбинӣ мешавад, ки шакли либоси кормандони дастгоҳи иҷроияи президент ранги мавҷҳои баҳриро хоҳад дошт.

Ҳамчунин маълум аст, ки дар Кумитаи кор бо занон ва Кумитаи заминсозиву геодезия аллакай барои кормандонашон андозаи сарулибосро гирифтаанд.

Тарҳҳои сарулибоси миллии занона барои ҳамаи синунсол ва фасли солро се ниҳод – Вазорати фарҳанг, Кумитаи кор бо занону оила ва Кумитаи ҷавонон ва варзиш таҳия намудаанд. 

Аммо ба иттилои манбаи «Азия-Плюс» онҳоро гӯё президенти Тоҷикистон маъқул нашуморидааст ва бинобар ин онҳо барои коркарди дубора ба муаллифонашон баргардонида шудаанд. Рӯи албоми тарҳҳо айни замон комиссияи махсус кор мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ