Дар Русия бори нахуст ба нашъаҷаллоб ҳукми ҳабси абад дархост шуд

Asia-Plus

Дар таҷрибаи кори судҳои Русия айбодркунандаи давлатӣ бори нахуст барои шахси машғул ба хариду фурӯши маводи нашъаовар ҳукми ҳабси абад дархост намуд, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба намояндаи расмии Прокуратураи генералии Русия Александр Куренной.

«18 декабр дар суди вилояти Маскав ҳукми парвандаи ҷиноӣ нисбати 15 шаҳрванди Тоҷикистон, ки давоми солҳои 2012-2015 ба содир кардани ҷиноятҳои марбут ба кӯшишҳои ворид кардан ва паҳн кардани наздики 600 кило героин марбут буданд, содир мешавад», – иброз доштааст Куренной.

Ба гуфтаи ӯ, дар таҷрибаи прокуратура ин дархост бесобиқа буда, онҳо танҳо ба роҳбари яке аз воҳидҳои сохтории гурӯҳи ҷиноятпешаи нашъаҷаллоб Табаров ҳукми ҳабси якумриро дархост намудаанд.

«Табаров ҷинояткори гузаро аст. Ӯ соли 2003 дар вилояти Пенза барои ҷинояти марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъавоар ба 10 соли зиндон маҳкум шуда, бо дархости Тоҷикистон ба ватан истирдод шуд, вале баъди озод шудан, чандин маротиба бо шиносномаи қалбакӣ ба Русия омада, роҳбари гурӯҳи ҷиноятпшае шуд, ки ба интиқоли героин аз Афғонистон ба Тоҷикистон машғул буд. Дар автомашинаҳо бо олучаву харбуза онҳо пинҳонӣ героин интиқол медоданд», – гуфтааст номбурда.

Зимнан зикр мегардад, ки мақомоти прокуратура ба дигар айбдоршавандагон муҳлати аз 6 то 25 соли зиндон дархост кардааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...