Интизории «Ӯзбекэнерго» ба васли дастгоҳҳои муҳофизатӣ дар Тоҷикистон

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ширкати «Ӯзбекэнерго» роҳандозии фаъолияти муштарак бо низоми энергетикии Тоҷикистонро пас аз васли реле (дастгоҳи васл ва ҷудо кардани ҳалқаи барқӣ)-и муҳофизатӣ ва дастгоҳи автоматикии зидди садама дар Тоҷикистон тарҳрезӣ намуд.

«Ҷамъияти саҳомии «Ӯзбекэнерго» роҳандозии ҳамкорӣ бо низоми энергетикии Тоҷикистонро ба нақша гирифт. Айни замон Ӯзбекистон хатҳои барқи ҷараёни 220 ва 500 кВ-ро омода кард», – иттилоъ медиҳад «УзА» бо истинод ба ширкат.

Дар маълумот қайд мешавад, ки дар низоми энергетикии Тоҷикистон лоиҳаҳои марбут ба истифодаи дастгоҳҳои автоматикии зидди садама ва релеи муҳофизатӣ мавриди амалишавӣ қарор дошта, баъди анҷоми онҳо роҳандозии фаъолияти муштараки низомҳои энергетикии кишварҳо дар назар аст.

Дар ҳамин ҳол, чанде рӯз қабл зимни суханронӣ дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумон вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода изҳор дошт, ки аз тобистони соли оянда Тоҷикистон метавонад ба Ӯзбекистон нерӯи барқ интиқол диҳад.

Ӯ таъкид дошт, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон қотеъона ният доранд, ки низоми ягонаи муттаҳидаи энергетикии минтақаро барқарор кунанд ва барои ин Ӯзбекистонро лозим аст, ки 60 км хати интиқоли барқи васлкунандаи ҷануби кишвар бо Тоҷикистонро барқарор созад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...