Зинаи 108-уми Тоҷикистон дар рейтинги пешбурди тиҷорати Forbes

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар рейтинги пешбурди тиҷорати маҷаллаи амрикоии Forbes миёни 153 кишвари саросари ҷаҳон Тоҷикистон дар зинаи 108-ум қарор дорад.

Қайд мешавад, ки соли гузашта Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон (ММД) 6,9% афзуда, шумори аҳолии кишвар – 8,5 млн нафар ва ММД ба ҳар як сари аҳолӣ 800 долларро ташкил додааст.

Миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Қазоқистон зинаи 65-ум, Ӯзбекистон – 99-ум ва Қирғизистон мақоми 123-юмро касб кардаи Туркманистон дар рейтинг ҳузур надорад.

Давлатҳои беҳтарин барои пешбурди тиҷорат – Британияи Кабир, Зеландияи Нав ва Нидерланд дониста шуда, зинаҳои охирини рейтингро кишварҳои Гаити, Гамбия ва Чад ишғол кардаанд.

Дар рейтинги Forbes 153 кишвар аз рӯи 15 нишондиҳанда, аз қабили ҳуқуқ ба моликият, сатҳи ҷорисозии инноватсияҳо, сатҳи андозбандӣ, технология, мизони коррупсия, озодӣ (шахсӣ, тиҷоратӣ ва молиявӣ), расмиётчигӣ (бюрократизм), таъмини ҳимояи сармоягузорон ва ғайра баҳогузорӣ мешаванд.

Қобили зикр аст, ки дар рейтинги аввали моҳи ноябр интишоршудаи Бонки ҷаҳонӣ – Doing Business 2018 байни 190 кшвари дунё Тоҷикистон зинаи 128-умро ишғол намуд.

Дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ зикр гардида буд, ки тайи соли охир дар Тоҷикистон дар мавриди сабук кардани расмиёти таъсиси корхонаҳо ва бақайдгирии моликият ислоҳот роҳандозӣ шуд, ки ба Тоҷикистон барои 5 зина боло рафтан дар ин рейтинг имкон дод.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...