Кумитаи андоз аз ҳамаи сервисҳои электронӣ андоз ситонидан мехоҳад

Asia-Plus

Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон бар ин назар аст, ки аз ситонидани андоз аз сервисҳое чун Google, Apple, Microsoft, Facebook, eBay, Aliexpress, Yahoo ва ғайра воридоти маблағҳои иловагӣ ба буҷет ба таври назаррас зиёд мешавад.

«Вақти он расидааст, ки барои танзими тамоми амалҳое, ки тариқи интернет анҷом дода мешаванд, тадбирҳои зарурӣ андешид. Ба қонунгузорӣ  тағйирот лозим аст, ки дар он пардохти ААИ барои ширкатҳои хориҷии машғул ба пешниҳоди хизматгузории электронӣ ба шахсони воқеӣ пешбинӣ шуда бошад», – қайд мешавад дар номаи раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода ба унвони президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон.

Дар ин нома, ки дар ихтиёри «Азия-Плюс» қарор гирифт, Давлатзода пешниҳод мекунад, ки аз ширкатҳои хориҷии машғул ба пешниҳоди хизматрасониҳои электронӣ дар мисоли Русия, ки «Google» ва боз 100 ширкати байнулмилалии дигар андоз пардохт мекунанд», низ андоз ситонида шавад.

Ба гуфтаи Давлатзода, «тӯли се моҳи соли ҷорӣ аз андози сервисҳои Google, Apple, Microsoft, Facebook, eBay, Aliexpress, Yahoo, Bing ва ғайра ба буҷети Русия 2 млрд. рубл маблағ ворид шудааст».

Нусратулло Давлатзода зикр мекунад, ки «бахши электронии фаъолият дар Тоҷикистон зери назорат қарор надорад».

«Дар ҳамин ҳол, одамон тариқи интернет билетҳои ҳавопаймоӣ, бозиву китобҳо  мехаранд, пешакӣ меҳмонхона фармоиш медиҳанд, вале бинобар сабаби номукаммал будани қонунгузории мо, андозбандии ин амалҳо ғайриимкон аст», – қайд кардааст ӯ ва сомонаҳое чун  mango.tj, volna.tj, megamag.tj, duexpress.tj ба сифати мисол овардааст.

Дар мактуб ҳамчунин қайд мешавад, ки «дар натиҷаи истифодаи зангҳои NGN айни замон даромад аз андозҳои алоқаи овозии байнулмилалӣ кам шуда, мардум аз мессенҷерҳое ба монанди Wechat, Viber, OK, VK истифода мебаранд ва аз ин рӯ, назорати ин сервисҳо, афзоиши арзиши истифода аз онҳо ва ба ин васила зиёд кардани воридоти маблағ ба буҷет зарур аст».

Ғайр аз ин, дар нома доир ба интиқоли маблағҳо ба минтақаҳои оффшорӣ низ сухан рафта, раиси Кумита бозбинии созишнома бо 32 кишвари ҷаҳон дар бораи пешгирии андозбандии дукаратаро пешниҳод менамояд.

Ҳамчунин Давлатзода боло бардуни арзиши «гирифтани иҷозатнома барои фаъолият»-ро пешниҳод намуда, зикр мекунад, ки айни замон барои гирифтани он пардохти 500 сомонӣ маблағ лозим аст.

«Нархи қатъи фаъолият низ чандон баланд нест. Боли бурдани арзиши гирифтани иҷозатнома зарур мебошад, аз ҷумла барои шахсони машғул ба фаъолият дар соҳаҳои сохтмон, суғурта, таҳвилу фурӯши сӯзишворӣ, тибби хусусӣ ва ғайра», – пешниҳод кардааст раиси Кумитаи андоз.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...