Ҷашни 25-солагии Қувваҳои Мусаллаҳ пуршукӯҳ таҷлил мегардад

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ҷашни 25-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, ки ба санаи 23 феврали соли 2018 рост меояд, пуршукӯҳ таҷлил мегардад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, ба ифтихори ҷашн дар шаҳри Душанбе бо иштироки сарбозону афсарони гарнизони пойтахт гузашти низомӣ доир мегардад.

«Алҳол шумори сарбозону афсароне, ки дар сафороии низомӣ иштирок мекунанд, маълум нест, ҳамчунин то ҳол дар бораи чӣ миқдор ба гузашт ҷалб кардани техникаи ҳарбӣ ва авиатсия тасмим гирифта нашудааст», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки ба муносибати ҷашни Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар тамоми қисмҳои низомӣ, воҳидҳо ва ҷузъу томҳои низомии кишвар баргузории чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ, нашри китобу таҳияи филмҳо ва вохӯриҳо бо собиқадорон ба нақша гирифта шудааст.

Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз се навъи ҷузъу том – Қушӯнҳои зудамал, хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ иборат аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...