Ҷашни 25-солагии Қувваҳои Мусаллаҳ пуршукӯҳ таҷлил мегардад

Ҷашни 25-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, ки ба санаи 23 феврали соли 2018 рост меояд, пуршукӯҳ таҷлил мегардад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, ба ифтихори ҷашн дар шаҳри Душанбе бо иштироки сарбозону афсарони гарнизони пойтахт гузашти низомӣ доир мегардад. «Алҳол шумори сарбозону афсароне, ки дар […]

Ҷашни 25-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, ки ба санаи 23 феврали соли 2018 рост меояд, пуршукӯҳ таҷлил мегардад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, ба ифтихори ҷашн дар шаҳри Душанбе бо иштироки сарбозону афсарони гарнизони пойтахт гузашти низомӣ доир мегардад.

«Алҳол шумори сарбозону афсароне, ки дар сафороии низомӣ иштирок мекунанд, маълум нест, ҳамчунин то ҳол дар бораи чӣ миқдор ба гузашт ҷалб кардани техникаи ҳарбӣ ва авиатсия тасмим гирифта нашудааст», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки ба муносибати ҷашни Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар тамоми қисмҳои низомӣ, воҳидҳо ва ҷузъу томҳои низомии кишвар баргузории чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ, нашри китобу таҳияи филмҳо ва вохӯриҳо бо собиқадорон ба нақша гирифта шудааст.

Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз се навъи ҷузъу том – Қушӯнҳои зудамал, хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ иборат аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.