Падари Мирсаидов: «Писарам худро гунаҳкор намешуморад»

«Писарам худро гунаҳкор намешуморад», – изҳор дошт дар суҳбат бо хабарнигори «Азия-Плюс» Ҳабибулло Мирсаидов, падари роҳбари КВН Тоҷикистон Хайрулло Мирсаидов. «Зимни дидорбиниҳо  дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Хуҷанд ӯ мудом мегӯяд, ки меъёрҳои қонунгузории кишварро вайрон накардааст», – қайд кард Ҳабибулло Мирсаидов. Ба гуфтаи падари рӯзноманигор, субҳи имрӯз низ ӯ бо писараш дидорбинӣ кардааст. «Ӯ […]

Юлдошев, Asia-Plus

«Писарам худро гунаҳкор намешуморад», – изҳор дошт дар суҳбат бо хабарнигори «Азия-Плюс» Ҳабибулло Мирсаидов, падари роҳбари КВН Тоҷикистон Хайрулло Мирсаидов.

«Зимни дидорбиниҳо  дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Хуҷанд ӯ мудом мегӯяд, ки меъёрҳои қонунгузории кишварро вайрон накардааст», – қайд кард Ҳабибулло Мирсаидов.

Ба гуфтаи падари рӯзноманигор, субҳи имрӯз низ ӯ бо писараш дидорбинӣ кардааст.

«Ӯ зикр мекунад, ки қонуншиканӣ накардааст ва худро гунаҳкор эътироф намекунад. Хайрулло қотеъона ба ҳамаи бандҳои айбномаи ба ӯ пешниҳодкарда розӣ нест», – гуфт ӯ.

Падари Хайрулло Мирсаидов ҳамчунин изҳор намуд, ки писараш аз шароитҳои нигаҳдорӣ дар тавқифгоҳи муваққатӣ шикоят надорад.

Зимнан таъкид шуд, ки Хайрулло дақиқан санҷидани ҳамаи ба истилоҳ «ҳуҷҷатҳо»-и муқобили ӯ ҷамъшударо талаб дорад.

Ёдрас мекунем, ки Хайрулло Мирсаидов санаи 5 декабр аз ҷониби прокуратураи вилояти Суғд боздошт ва санаи 8 декабр нисбати ӯ бо чор моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ – «азхудкунӣ ва сарфи маблағҳо», «барангехтани адовати милливу нажодӣ ва динӣ», «тақаллуби санадҳо» ва «дидаву дониста додани иттилои бардурӯғ» парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.