Баррасии иштироки Ӯзбекистон дар сохтмони нерӯгоҳи Қамбарота

Ӯзбекистону Қирғизистон ҷузъиёти сохтмони муштараки нерӯгоҳи Қамбарота-1-ро баррасӣ мекунанд. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар ин бора сафири Қирғизистон дар Ӯзбекистон Дониёр Сидиқов дар мусоҳиба бо расонаҳои Ӯзбекистон хабар додааст. "Ӯзбекистон дар сохтмони нерӯгоҳи Қамбарота-1 ширкат мекунад. Ин созиш рӯи коғаз намондааст, балки амалӣ мешавад. Гуруҳи кории лоиҳаи мазкур нахустин мулоқотро дар […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Ӯзбекистону Қирғизистон ҷузъиёти сохтмони муштараки нерӯгоҳи Қамбарота-1-ро баррасӣ мекунанд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар ин бора сафири Қирғизистон дар Ӯзбекистон Дониёр Сидиқов дар мусоҳиба бо расонаҳои Ӯзбекистон хабар додааст.

"Ӯзбекистон дар сохтмони нерӯгоҳи Қамбарота-1 ширкат мекунад. Ин созиш рӯи коғаз намондааст, балки амалӣ мешавад. Гуруҳи кории лоиҳаи мазкур нахустин мулоқотро дар шаҳри Тошканд анҷом дод ва қадамҳои минбаъдаро баррасӣ кард", – гуфтааст сафир.

Ба ақидаи вай, ин лоиҳаи бузурги минтақавӣ хоҳад буд, ки дар он бояд ҳамаи масъалаҳо ҳал, ҳамдигарфаҳмӣ таъмин ва манфиатҳои ҷонибҳо ба назар гирифта шавад.

"Ман фикр мекунам, ки Ӯзбекистон дар ин лоиҳа ҳам бо техникаҳояш ва ҳам бо зарфиятҳои молиаш ширкат карда метавонад", – изҳор доштааст сафир.

Гуфта мешавад, ибтидои моҳи декабри соли ҷорӣ Ӯзбекистону Қирғизистон дар мавриди ҳамкории муштарак дар сохтмони нерӯгоҳи Қамбарота-1 ёддошт имзо карданд.

Қобили зикр аст, ки Қамбарота-1 бузургтарин тарҳи нерӯгоҳи обии Қирғизистон аст. Президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримов мухолифи бунёди ин неругоҳ буд. Каримов бар ин назар буд, ки дар сурати сохтмони нерӯгоҳи мазкур мақомоти Қирғизистон метавонанд, оби дарёро банданд ва Ӯзбекистон аз обёрии заминҳои кишоварзиаш маҳрум шавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.