Баррасии иштироки Ӯзбекистон дар сохтмони нерӯгоҳи Қамбарота

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Ӯзбекистону Қирғизистон ҷузъиёти сохтмони муштараки нерӯгоҳи Қамбарота-1-ро баррасӣ мекунанд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар ин бора сафири Қирғизистон дар Ӯзбекистон Дониёр Сидиқов дар мусоҳиба бо расонаҳои Ӯзбекистон хабар додааст.

"Ӯзбекистон дар сохтмони нерӯгоҳи Қамбарота-1 ширкат мекунад. Ин созиш рӯи коғаз намондааст, балки амалӣ мешавад. Гуруҳи кории лоиҳаи мазкур нахустин мулоқотро дар шаҳри Тошканд анҷом дод ва қадамҳои минбаъдаро баррасӣ кард", – гуфтааст сафир.

Ба ақидаи вай, ин лоиҳаи бузурги минтақавӣ хоҳад буд, ки дар он бояд ҳамаи масъалаҳо ҳал, ҳамдигарфаҳмӣ таъмин ва манфиатҳои ҷонибҳо ба назар гирифта шавад.

"Ман фикр мекунам, ки Ӯзбекистон дар ин лоиҳа ҳам бо техникаҳояш ва ҳам бо зарфиятҳои молиаш ширкат карда метавонад", – изҳор доштааст сафир.

Гуфта мешавад, ибтидои моҳи декабри соли ҷорӣ Ӯзбекистону Қирғизистон дар мавриди ҳамкории муштарак дар сохтмони нерӯгоҳи Қамбарота-1 ёддошт имзо карданд.

Қобили зикр аст, ки Қамбарота-1 бузургтарин тарҳи нерӯгоҳи обии Қирғизистон аст. Президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримов мухолифи бунёди ин неругоҳ буд. Каримов бар ин назар буд, ки дар сурати сохтмони нерӯгоҳи мазкур мақомоти Қирғизистон метавонанд, оби дарёро банданд ва Ӯзбекистон аз обёрии заминҳои кишоварзиаш маҳрум шавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...