Пешгӯии Бонки ҷаҳонӣ доир ба коҳиши ҳаҷми захираҳои тиллову асъори БМТ

Пайрав Чоршанбиев

Тӯли 9 моҳи соли 2017 захираҳои байнулммилалии тиллову асъори Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) босуръат афзуда, то ба сатҳи 5,6 моҳи рӯйпӯш кардани воридот расиданд.

Дар гузориши нави Бонки ҷаҳонӣ доир ба иқтисоди Тоҷикистон дар ин робита қайд мешавад, ки ин бештар натиҷаи самараи якдафъаина буда, гувоҳи беҳбуди устувори асосҳои иқтисодӣ нест.

«Афзоиши босуръати захираҳо асосан аз ҳисоби андӯхтани қарзҳо ба вуҷуд омад, ки нашри облигатсияҳои аврупоиро ба маблағи 500 млн. доллар дар моҳи сентябр таҷассум мекунад. Захираҳо ҳамчунин бо харидани тиллои монетарӣ тариқи нашри пулҳои миллӣ ва асъори хориҷӣ низ зиёд карда шуданд, ки ба он чораҳои маъмурӣ мусоидат намуданд», – қайд кардаанд муаллифони гузориш.

Дар дурнамои миёнамуҳлат таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ пешгӯӣ мекунанд, ки бо барқарор шудани ҳаҷми воридот ва сохтмони нерӯгоҳи Роғун сатҳи захираҳои байнулмилалии БМТ тадриҷан кам мешаванд.

Аввали моҳи ноябри соли гузашта БМТ изҳор намуд, ки ҳаҷми захираҳои софи байналмилалӣ ва захираҳои умумии хориҷӣ нисбат ба аввали сол мувофиқан 2,4 ва 2,2 маротиба афзуда, нишондиҳандаи устувории сатҳи захираҳои умумии хориҷӣ дар ин давра аз 2,6 то ба 5,6 моҳи воридотӣ расонида шуд, ки чунин нишондиҳанда дар таърихи Бонки миллӣ аз нишондиҳандаҳои беҳтарин ба ҳисоб меравад.

Бино ба арзёбии коршиносони байнулмилалӣ, сатҳи ҳадди ақали захираҳои байнулмилалии кишвар бояд се моҳро ташкил диҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...