Аз сангреза дар роҳи Душанбе-Хоруғ 1 нафар ҷон бохт

Asia-Plus

Зимни ҳаракат аз шаҳри Хоруғ ба самти Душанбе автомашинаи тамғаи «Старекс» бо се мусофир зери сангреза монд.

Тавре сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Умеда Юсуфӣ хабар дод, дар натиҷа ронанда, сокини ноҳияи Рӯшон Манучеҳр Раҳматуллоев дар ҷойи ҳодиса ҳалок ва се нафар мусофиронро наҷотдиҳандагони Кумита аз автомашина берун оварда, ба бемористони марказии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин фиристодаанд.

Дар километри 225-уми роҳи мошингарди Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ, дар мавзеи Хоҷағалтони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин боришоти рӯзҳои охир ба сангфароӣ аз кӯҳҳо рӯи роҳ боис гардид.

Барои тозакунии роҳ техникаи махсуси Вазорати нақлиёт, ҳамчунин дастаи наҷотдиҳандагони зудамали Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар минтақаи Кӯлоб сафарбар шуда, роҳ муваққатан баста шудааст. Танҳо барои гузаштани автомашинаҳои сабукрав аз ин қитъаи роҳ як хати хурди роҳ кушода аст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш мекунад, ки ҳушёру боэҳтиёт бошанд, зеро ҳодисаҳои сангфароӣ ба роҳҳо дар қитъаҳои роҳҳои кӯҳӣ аз эҳтимол дур нест.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.