Мавқеи 69-уми «Истиқлол» дар феҳрасти AFC миёни 161 даста

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони шашкаратаи Тоҷикистон ва финалисти дукаратаи Ҷоми AFC, аз рӯи натиҷагирии мавсими футболи соли 2017 дар рейтинг ё феҳрасти Конфедератсияи футболи Осиё дар байни 161 даста мақоми 69-умро касб намудааст. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ бо истинод ба сомонаи globalfootballranks.com хабар додааст, ба панҷгонаи аввали беҳтарин бошгоҳҳои футболи Осиё «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ […]

Радиои Озодӣ

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони шашкаратаи Тоҷикистон ва финалисти дукаратаи Ҷоми AFC, аз рӯи натиҷагирии мавсими футболи соли 2017 дар рейтинг ё феҳрасти Конфедератсияи футболи Осиё дар байни 161 даста мақоми 69-умро касб намудааст.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ бо истинод ба сомонаи globalfootballranks.com хабар додааст, ба панҷгонаи аввали беҳтарин бошгоҳҳои футболи Осиё «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ (ҷойи 1-ум, 128,48 имтиёз), «Ал-Айн»-и Имороти Муттаҳидаи Араб (ҷойи 2-юм, 119,855 имтиёз), «Гуанҷоу Эвергранд»-и Чин (ҷойи 3-юм, 102,409 имтиёз), КФ «Сеул»-и Кореяи Ҷанубӣ (ҷойи 4-ум, 101 имтиёз) ва «Ченбук Ҳундай моторс»-и Кореяи Ҷанубӣ (ҷойи 5-ум, 89) дохил шудаанд.

Дар байни бошгоҳҳои футболи Осиёи Марказӣ дар мавқеи аз ҳама баланд – ҷойи 24-ум бо 44,27 имтиёз – «Локомотив»-и Тошканд қарор гирифтааст.

Дар ин феҳраст ҳамчунин панҷ бошгоҳи футболи Тоҷикистон ворид шудааст. Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар муддати ду соли ахир аз ҷойгоҳи 105-ум ба зинаи 69-ум баромад. Финалисти дукаратаи Ҷоми AFC 20,476 имтиёз дорад.

“Истиқлол” дар се мавсим дар мусобиқоти бошгоҳии аз ҷиҳати моҳият дувуми Осиё ҳамагӣ 29 бозӣ анҷом дода, дар 12-тоаш пирӯз шудааст, 7 бозиро мусовӣ карда, дар 10-тоаш мағлуб гаштааст. Таносуби тӯбҳои даста 45-37 мебошад.

Мавқеи чаҳор дастаи дигари Тоҷикистон дар феҳрасти бошгоҳҳои AFC чунин аст: ҷойи 141-ум «Равшан» (Кӯлоб) – 3,143 имтиёз. Ҷойи 144-ум «Ҳосилот» (Фархор) – 2,476 имтиёз. Ҷойи 146-ум «Хайр» (Ваҳдат) – 2.146 имтиёз. Ҷойи 148-ум «Хуҷанд» – 1,643 имтиёз.

Рақибони “Истиқлол” дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2018 дар феҳрасти бошгоҳҳои AFC мавқеи зеринро ишғол кардаанд: «Алтин Асир» (Туркманистон) – ҷойи 99-ум, 9,519 имтиёз, «Олой» (Қирғизистон) – ҷойи 124-ум, 5, 093 имтиёз. Инчунин рақибони имконпазири «Истиқлол» – «Аҳал» (Туркманистон) ва «Дордой» (Қирғизистон) мутаносибан дар зинаҳои 122-юм ва 128-ум ҷойгир шудаанд.

Бояд тазаккур дод, дар ин феҳраст натиҷаҳои ба дастовардаи 161 бошгоҳи футболи Осиё, ки дар Лигаи қаҳрамонҳо ва Ҷоми AFC бозӣ мекунад, ба назар гирифта шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.