Аз сангреза дар роҳи Душанбе-Хоруғ 1 нафар ҷон бохт

Зимни ҳаракат аз шаҳри Хоруғ ба самти Душанбе автомашинаи тамғаи «Старекс» бо се мусофир зери сангреза монд. Тавре сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Умеда Юсуфӣ хабар дод, дар натиҷа ронанда, сокини ноҳияи Рӯшон Манучеҳр Раҳматуллоев дар ҷойи ҳодиса ҳалок ва се нафар мусофиронро наҷотдиҳандагони Кумита аз автомашина берун оварда, ба бемористони марказии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин фиристодаанд. […]

Asia-Plus

Зимни ҳаракат аз шаҳри Хоруғ ба самти Душанбе автомашинаи тамғаи «Старекс» бо се мусофир зери сангреза монд.

Тавре сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Умеда Юсуфӣ хабар дод, дар натиҷа ронанда, сокини ноҳияи Рӯшон Манучеҳр Раҳматуллоев дар ҷойи ҳодиса ҳалок ва се нафар мусофиронро наҷотдиҳандагони Кумита аз автомашина берун оварда, ба бемористони марказии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин фиристодаанд.

Дар километри 225-уми роҳи мошингарди Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ, дар мавзеи Хоҷағалтони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин боришоти рӯзҳои охир ба сангфароӣ аз кӯҳҳо рӯи роҳ боис гардид.

Барои тозакунии роҳ техникаи махсуси Вазорати нақлиёт, ҳамчунин дастаи наҷотдиҳандагони зудамали Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар минтақаи Кӯлоб сафарбар шуда, роҳ муваққатан баста шудааст. Танҳо барои гузаштани автомашинаҳои сабукрав аз ин қитъаи роҳ як хати хурди роҳ кушода аст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш мекунад, ки ҳушёру боэҳтиёт бошанд, зеро ҳодисаҳои сангфароӣ ба роҳҳо дар қитъаҳои роҳҳои кӯҳӣ аз эҳтимол дур нест.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.