Соли 2017 нарху тарифҳо дар Тоҷикистон 6,7 фоиз боло рафтанд

Пайрав Чоршанбиев

Моҳи декабр сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 0,3 фоизро ташкил дода, ҳамин тариқ, соли 2017 болоравии нарху тарифҳо то ба 6,7 фоиз расид. Бино ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, ҳиссаи маҳсулоти хӯрокворӣ дар таварруми солона – 4,3 фоиз, маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ – 1,2 фоиз ва хизматрасониҳо – 1,2 фоизро ташкил додааст. Сатҳи начандон баланди тавррумро […]

Моҳи декабр сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 0,3 фоизро ташкил дода, ҳамин тариқ, соли 2017 болоравии нарху тарифҳо то ба 6,7 фоиз расид.

Бино ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, ҳиссаи маҳсулоти хӯрокворӣ дар таварруми солона – 4,3 фоиз, маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ – 1,2 фоиз ва хизматрасониҳо – 1,2 фоизро ташкил додааст.

Сатҳи начандон баланди тавррумро дар Бнки миллӣ пеш аз ҳама ба сиёсати фаъоли зиддитаваррумии монетарӣ, сатҳи муътадили талаботи дохилӣ, нисбатан ба эътидол омадани қурби пули миллӣ ва коҳишёбии интизориҳои таваррумӣ дар нимаи дуюми сол нисбат медиҳанд.

Гуфта мешавад, сатҳи таваррум дар соли 2017, аз сатҳи нишондиҳандаи мақсаднок барои давраи миёнамуҳлат муайяншуда (7,0 фоиз) андаке пасттар ҷамъбаст гардида, ба 6,7 фоиз баробар шуд. Дар соли 2018 низ нигаҳдории чунин сатҳ ба нақша гирифта шудааст.

Аз рӯи натиҷаҳои соли 2016 сатҳи таваррум дар Тоҷикистон 6,1 фоизро ташкил дод. Тайи солҳои охир сатҳи нисбатан баланди таваррум соли 2011 ба қайд гирифта шуд, ки нарху тарифҳо ба андозаи 12,5% боло рафта буданд. Сатҳи нисбатан пастттари таваррум тӯли солҳои истиқлолият соли 2013 – 5,1 фоиз сабт шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Мошинашро гирифта, фирор кардаанд”. Дарёфти ҷасади як кирокаш дар ноҳияи Ёвон бо 9 зарби корд

Наздикони марҳум мегӯянд, гумонбар, ки хонандаи мактаб аст, боздошт шудааст

Дар Душанбе сохтмони зеристгоҳи барқии нав оғоз шуд

Он сарборӣ ба зеристгоҳҳои аллакай мавҷударо коҳиш медиҳад.

Тоҷикистон ба сафи кишварҳое шомил шуд, ки ба соҳаи дифоъ камтар маблағ сарф мекунад

Хароҷоти соҳаи мудофиа ба 1 нафар ҳудуди 43 долларро ташкил медиҳад.

Иҷозатномаи сиёҳ кардани шишаи мошинро чӣ гуна онлайн гирифтан мумкин аст?

Акнун иҷозатномаро танҳо онлайн гирифтан мумкин аст. Кӯшиш кардем, ҷараёни гирифтани онро шарҳ диҳем.

Эрон пешниҳоди Амрико дар бораи оташбаси муваққатиро рад карда, барои хатми ҷанг тарҳи худро пешниҳод кардааст

Дар ҳамин ҳол, ҳамлаҳо ба минтақаҳои якдигар идома дошта, танҳо дар рузи гузашта аз ҳарду тараф даҳҳо кас кушта шудаанд.

Тоҷикистон ба татбиқи рақамисозии иқтисод идома медиҳад. Дар барномаи нав чӣ гуфта шудааст?

Ҳукумат "Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2026-2030"-ро тасдиқ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 61

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Яке аз маҳкумшудагони ҳамла ба “Крокус” худкушӣ кардааст

Ӯ моҳи марти соли равон ҳамроҳи 14 тани дигар дар доираи ин парванда ба ҳабси абад маҳкум шуда буд.