Дмитрий Барков ҳам «Истиқлол»-ро тарк мекунад

Asia-Plus

Ҳамлагари русиягии дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони амалкунандаи Тоҷикистон Дмитрий Барков ба тими «Локомотив»-и Тошканд даъват шуд. Бино ба иттилои сомонаи расмии дастаи «Истиқлол», ҳамроҳ бо тими қаҳрамони футболи Ӯзбекистон Дмитрий Барков ба Амороти Муттаҳидаи Араб ба тамринҳои омодагӣ рафт. «Локомотив», ки ба мавсими нави Лигаи чемпионҳои Осиё фаъолона омодагӣ мегирад, дар Дубай чор вохӯрӣ мегузаронад. […]

Ҳамлагари русиягии дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони амалкунандаи Тоҷикистон Дмитрий Барков ба тими «Локомотив»-и Тошканд даъват шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии дастаи «Истиқлол», ҳамроҳ бо тими қаҳрамони футболи Ӯзбекистон Дмитрий Барков ба Амороти Муттаҳидаи Араб ба тамринҳои омодагӣ рафт. «Локомотив», ки ба мавсими нави Лигаи чемпионҳои Осиё фаъолона омодагӣ мегирад, дар Дубай чор вохӯрӣ мегузаронад.

Ёдрас мекунем, ки чанд рӯз пеш боз як футболбози дастаи «Истиқлол», нимҳимоятгар Ҷаҳонгир Алиев дар ҳайати дастаи «Насаф»-и Қаршӣ барои озмоиш ва тамринҳои омодагӣ ба Туркия раҳсипор шуд.

Ҳамчунин қаблан боз се бозигари дигари “Истиқлол” ва дастаи мунтахаби кишвар – Манучеҳр Ҷалилов, Нуриддин Давронов ва Фатҳулло Фатҳуллоев  бо дастаҳои футболи Индонезия қарордод баста, феълан дар мусобиқоти чемпионати ин кишвар ҳунарнамоӣ мекунанд.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Мошинашро гирифта, фирор кардаанд”. Дарёфти ҷасади як кирокаш дар ноҳияи Ёвон бо 9 зарби корд

Наздикони марҳум мегӯянд, гумонбар, ки хонандаи мактаб аст, боздошт шудааст

Дар Душанбе сохтмони зеристгоҳи барқии нав оғоз шуд

Он сарборӣ ба зеристгоҳҳои аллакай мавҷударо коҳиш медиҳад.

Тоҷикистон ба сафи кишварҳое шомил шуд, ки ба соҳаи дифоъ камтар маблағ сарф мекунад

Хароҷоти соҳаи мудофиа ба 1 нафар ҳудуди 43 долларро ташкил медиҳад.

Иҷозатномаи сиёҳ кардани шишаи мошинро чӣ гуна онлайн гирифтан мумкин аст?

Акнун иҷозатномаро танҳо онлайн гирифтан мумкин аст. Кӯшиш кардем, ҷараёни гирифтани онро шарҳ диҳем.

Эрон пешниҳоди Амрико дар бораи оташбаси муваққатиро рад карда, барои хатми ҷанг тарҳи худро пешниҳод кардааст

Дар ҳамин ҳол, ҳамлаҳо ба минтақаҳои якдигар идома дошта, танҳо дар рузи гузашта аз ҳарду тараф даҳҳо кас кушта шудаанд.

Тоҷикистон ба татбиқи рақамисозии иқтисод идома медиҳад. Дар барномаи нав чӣ гуфта шудааст?

Ҳукумат "Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2026-2030"-ро тасдиқ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 61

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.