Оқибати нодида гирифтани ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода

Маркази матбуоти КҲФ ва МГ назди ҳукумати ҶТ

Тағйири ногаҳони ҳаво вазъро дар роҳҳои куҳӣ ба мушкил рӯ ба рӯ кард ва боиси садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳо шуд. Баъди бориши зиёди барф дар роҳҳои куҳӣ яхбандӣ мушоҳида гардид ва рӯзе пеш Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон аз эҳтимолияти он сареҳан хабар додаву шаҳрвандон ва меҳмонони кишварро  огоҳ карда буд. […]

Тағйири ногаҳони ҳаво вазъро дар роҳҳои куҳӣ ба мушкил рӯ ба рӯ кард ва боиси садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳо шуд.

Баъди бориши зиёди барф дар роҳҳои куҳӣ яхбандӣ мушоҳида гардид ва рӯзе пеш Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон аз эҳтимолияти он сареҳан хабар додаву шаҳрвандон ва меҳмонони кишварро  огоҳ карда буд. Мутаассифона, ҳарчанд борҳо хитобан ба ронандагон онҳоро ба эҳтиёкориву риояи қоидаҳои ҳаракат даъват карда будем, боз ҳам на ҳамаи онҳо ин огоҳиҳоро шуниданд ва на қабул карданду на риоя. 

Чунончи, сокини деҳаи Навдии ноҳияи Рашт ҳангоми ҳаракат низоми ҳаракатро тибқи қоида риоя накард ва аз уҳдаи идораи мошини тамғаи “Опел”  набаромад. Дар натиҷа мошин ба ҷарии 7-метра фурӯ рафт. Сабаби он риоя накардани қоидаи мошинронӣ дар роҳҳои яхӣ буд.

Барои бартараф намудани оқибати ин садамаи нақлиётӣ ба ҷойи ҳодиса воҳиди махсуси вокуниши сареъи КҲФ дар минтақаи рашт расид. Наҷотдиҳандагон бо истифода аз  автокран мошинро аз чуқурӣ берун кашиданд. Хушбахтона, ронанда ва мусофиронаш зарби ҷиддӣ нахӯрдаву саломатанд.  Ба онҳо ёриҳои аввалини тиббӣ расонида шуд ва ҳамагӣ аз бистарӣ шудан дар бемористон худдорӣ карданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бори дигар ба ронандагон муроҷиат мекунад ва аз онҳо хоҳиш менамояд қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои барфиву яхии куҳиро ҷиддан риоя кунанд, ҳаёти худ ва ҳамсафарони худро дар хатар нагузоранд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон аз созиши оташбас миёни Эрон ва Амрико истиқбол кард

Тоҷикистон аз тарафҳои даргир хостааст, ки аз истифодаи қувваи низомӣ даст кашанд.

Ду нишони биринҷӣ ва роҳхат ба даври ниҳоӣ. Дастоварди муштзанони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё

Дар ин мусобиқот беш аз 230 варзишгар аз 25 кишвари саросари дунё ширкат доранд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 62

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ведомости”: Соли гузашта 950 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон ба Русия рафтаанд

Ду кишвар ба ҷорисозии низоми ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон омодагӣ мегиранд.

Амрико ва Эрон бо оташбаси дуҳафтаӣ мувофиқат кардаанд

Исроил онро пуштибонӣ кард, аммо мегӯяд, он Лубнонро дар бар намегирад

“Мошинашро гирифта, фирор кардаанд”. Дарёфти ҷасади як кирокаш дар ноҳияи Ёвон бо 9 зарби корд

Наздикони марҳум мегӯянд, гумонбар, ки хонандаи мактаб аст, боздошт шудааст

Дар Душанбе сохтмони зеристгоҳи барқии нав оғоз шуд

Он сарборӣ ба зеристгоҳҳои аллакай мавҷударо коҳиш медиҳад.