Сафарбарии 100 нафар ва 30 адад техника ба сӯхтор дар бозори «Садовод»-и Маскав

Дар бозори «Садовод»-и шаҳри Маскав сӯхтор ба амал омада, ба хомӯш кардани он беш аз 100 нафар кормандони мақомоти марбута ва 30 адад техника сафарбар шуд. Хабаргузории РИА Новости менависад, сӯхтор шоми рӯзи 17 январ сар зада, майдони ҳудуди 300 метри мураббаъро фаро гирифтааст. Бино ба маълумоти портали «Версия», ба хадамоти оташнишонӣ пешгирии паҳншавии алангаи […]

Asia-Plus

Дар бозори «Садовод»-и шаҳри Маскав сӯхтор ба амал омада, ба хомӯш кардани он беш аз 100 нафар кормандони мақомоти марбута ва 30 адад техника сафарбар шуд.

Хабаргузории РИА Новости менависад, сӯхтор шоми рӯзи 17 январ сар зада, майдони ҳудуди 300 метри мураббаъро фаро гирифтааст.

Бино ба маълумоти портали «Версия», ба хадамоти оташнишонӣ пешгирии паҳншавии алангаи оташ дар қаламрави бозор муяссар гардида, аз биноҳои гирду атрофи бозор наздики 40 нафар ба берун бароварда шудаанд.

Баҳри хомӯш кардани алангаи оташ Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия аз якчанд чархбол ва техникаи роботӣ низ истифода кардааст.

Дар ҳамин ҳол, муҳоҷирони тоҷики машули кор дар ин бозор расонаи мустақили «Ахбор» гуфтаанд, сӯхтор се раста (линия)-ро фаро гирифта, дар ин се растаи оташгирифта ҳудуди 20 тоҷири тоҷик низ кор мекардаанд.

Алҳол доир ба осебдидагон аз сӯхтор маълумот нарасидааст. Айни замон сабабҳои сар задани сӯхтор таҳқиқ мешаванд.

Дар хадамоти матбуоти бозори «Садовод» дар шарҳи ин ҳодиса гуфтаанд, дар фурӯшгоҳ партовҳои масолеҳи сохтмон оташ гирифтааст. Ҳаҷми зиён аз сӯхтор дар бозор ба ҳадди камтарин 8 млрд. рубл арзёбӣ мешавад.

https://www.youtube.com/watch?v=YdMgVBqHwxc

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.