Палатаи ҳисоб: «Тоҷиксодиротбонк» ғайриқонунӣ саҳмияҳояшро фурӯхтааст

Палатаи ҳисоби Тоҷикистон раҳбарияти «Тоҷиксодиротбонк»-ро ба ғайриқонунӣ фурӯхтани саҳмияҳо айбдор мекунад. Муовини раиси Палата Зафар Азимӣ зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изхор намуд, ки дар натиҷаи санҷиш ошкор шудааст, ки бидуни мувофиқа бо Бонки миллӣ шахсони масъули «Тоҷиксодиротбонк» саҳмияҳоро ба фурӯш гузошта, 64 млн. сомонӣ саҳмияҳо ғайриқонунӣ хусусӣ гардонида шудааст. «Санҷиши фаъолияти «Тоҷиксодиротбонк» бо […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Палатаи ҳисоби Тоҷикистон раҳбарияти «Тоҷиксодиротбонк»-ро ба ғайриқонунӣ фурӯхтани саҳмияҳо айбдор мекунад.

Муовини раиси Палата Зафар Азимӣ зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изхор намуд, ки дар натиҷаи санҷиш ошкор шудааст, ки бидуни мувофиқа бо Бонки миллӣ шахсони масъули «Тоҷиксодиротбонк» саҳмияҳоро ба фурӯш гузошта, 64 млн. сомонӣ саҳмияҳо ғайриқонунӣ хусусӣ гардонида шудааст.

«Санҷиши фаъолияти «Тоҷиксодиротбонк» бо дастури Президенти мамлакат сурат гирифта, дар натиҷа саҳмияҳо ба моликияти пешина баргардонида шуданд ва қисмати зиёди онҳо дар ихтиёри давлат қарор дорад», – иброз дошт номбурда.

Ғайр аз ин, санҷиш нишон додааст, ки дар фаъолияти Суди олӣ ва ташкили кори судиҷрочиёни Вазорати адлия дар мавриди иҷрои санадҳои судӣ доир ба рӯёнидани воситаҳои пулӣ камбудиҳо ҷой доранд.

«Маблағе, ки бар асари иҷро нашудани санадҳои судӣ рӯёнида нашудааст, соли 2016 – 579,2 млн. сомонӣ ва 9 моҳи соли 2017 – 318 млн. сомониро ташкил дода, дар баъзе ҳолатҳо бонкҳо ва шахсони масъул воситаҳои рӯёниданашударо ҳамчун пардохтшуда нишон додаанд, дар асл бошад, ин воситаҳо ба буҷет ворид нашудаанд», – гуфт Азимӣ.

Масалан, дар ҳисоботи иҷрочии суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар соли 2015 зикр мешавад, ки тавассути «Тоҷиксодиротбонк» ба буҷет 440 ҳазор сомонӣ (50 ҳазор доллар) маблағ пардохт шудааст, вале ин маблағ то ҳол ба буҷет ворид нашуда, «Тоҷиксодиротбонк» онро ғайриқонунӣ истифода кардааст.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи ҳамаи ин ҳолатҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, қисмате аз маблағҳо ба буҷет баргардонида шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2026

Аз оғози фаъолияти "Боғи ҳайвонот" дар Душанбе то Рӯзи ҷаҳонии шамъсозон

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.