Ҳарчи дуртар аз мардум

Аввали ҳамин ҳафта дар Тоҷикистон нишастҳои хабарии ҷамъбасти соли вазорату идораҳои ҷумҳурӣ оғоз гардиданд. Ба журналистони тоҷик дар як сол ду маротиба имкон дода мешавад, ки ба шахсони аввали вазорату идораҳо саволҳои худро диҳанд. Мо тасмим гирифтем, ки ба масъалаи то кадом андоза шаффоф будани фаъолияти ин ниҳодҳо каме рӯшанӣ андозем. Дар бораи таъсиси низоми […]

Asia-Plus

Аввали ҳамин ҳафта дар Тоҷикистон нишастҳои хабарии ҷамъбасти соли вазорату идораҳои ҷумҳурӣ оғоз гардиданд.

Ба журналистони тоҷик дар як сол ду маротиба имкон дода мешавад, ки ба шахсони аввали вазорату идораҳо саволҳои худро диҳанд. Мо тасмим гирифтем, ки ба масъалаи то кадом андоза шаффоф будани фаъолияти ин ниҳодҳо каме рӯшанӣ андозем.

Дар бораи таъсиси низоми ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз 10 сол пеш сарусадоҳо ҷой доштанд. Сипас Консепсияи ташкили ҳукумати электронӣ таҳия шуд, ки бояд то соли 2020 мавриди амал қарор гирад.

Бо ворид шудан ба сомонаҳои расмии мақомоти ҳокимияти давлатӣ маълум мешавад, ки то чӣ андоза аз ҷониби онҳо ин Консепсия иҷро мешавад.

Доир ба тарҳу ороиш (дизайн)-и сомонаҳо ҳарф намезанем, ба мо пеш аз ҳама мазмуну муҳтавои он ҷолиб аст. Сомонае, ки ҳар рӯз маълумоти зарурии соҳавӣ дошта бошад, пайдо накардем.

Ин ҷо сомонаи расмии Президенти кишвар истисно аст. Дар он доир ба фаъолияти рӯзмарраи Сарвари давлат маълумот кофист. Имкони муроҷиат тариқи навиштани мактуб низ дар он вуҷуд дорад, вале дар бораи баррасӣ шудану чораҷӯӣ нисбати онҳо, ирсоли посух ба арзу шикоят ва пешниҳодҳо маълумот дода намешавад.

Сомонаи расмии мақомоти шаҳрдории Душанбе низ бад нест, лекин бо кадом сабабҳое версияи русиаш аллакай муддати 1 сол – аз аввали соли 2017 кор намекунад.

Торнамои расмии Маҷлиси миллӣ бо маълумоти мухтасар дар бораи чорабиниҳои доиргардида маҳдуд шуда, ҳар ним моҳ як бор навсозӣ мешавад. Санаи хабарҳои нав охири моҳи декабр дарҷ ёфтааст. Версияҳои сомона бо забонҳои русӣ ва англисӣ кор намекунад.

Маҷлиси намояндагон бештар хабар нашр мекунад, вале версияи русии сомона ду-се ҳафта ва англисии он беш аз як моҳ қафо мемонад.

Ба торнамоҳои бештар фаъол метавон сомонаҳои ВКД, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, Кумитаи андоз ва нисбатан камфаъолтар – Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати нақлиёт, Вазорати фарҳанг ва чанде аз дигар ниҳодҳоро шомил кард.

Миёни сомонаҳои нисбатан камфаъолтар ҳузур доштани Вазорати корҳои хориҷӣ тааҷҷубовар аст, ки мантиқан бояд бештар фаврӣ фаъолият дошта бошад.

Чанде аз мақомоти давлатӣ сомонаҳои худро бо хабарҳо аз сомонаи президент ё АМИТ «Ховар» пур карда, дар ҳамин ҳол, нашри маълумот дар бораи фаъолияти ниҳоди худро фаромӯш кардаанд.

Сомонаҳои чунин мақомоти муҳими давлатӣ, аз қабили Вазоратҳои адлия, энергетикаву захирахои об, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва кишоварзӣ он қадр фаъол нестанд.

Сомонаи Вазорати маориф ва илм версияҳои русӣ ва англисӣ надорад, ҳарчанд бо забони тоҷикӣ низ маълумот он қадр кофӣ нест, маъмулан хабарҳо кӯҳнашудаанд.

Сомонаҳои баъзе мақомоти давлатӣ умуман кор намекунанд ё дар се моҳ як бор навсозӣ мешаванд. Баъзе ҳанӯз дар солҳои 2015-2016 «зиндагӣ доранд». Ба онҳо метавон сомонаҳои Кумитаи идораи замин ва геодезия, Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи ҳифзи муҳити зистро дохил намуд.

Бархе аз мақомоти умуман сомонаи худро надоранд, масалан Хадамоти алоқаи назди ҳукумат, ки хеле тааҷҷубовар аст…

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.