Ҷузъиёти порагирии Аскар Нурализодаи ба 11 соли зиндон маҳкумшуда

Суди ноҳияи Сино боз ду далели порагирии собиқ корманди Вазорати рушди иқтисод ва савдо Аскар Нурализодаро, ки чанде қабл ба 11 соли зиндон маҳкум шуд, исбот кард. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, Нурализода барои ба барномаи давлатии маблағгузорӣ дохил намудани сохтмони гармхона дар ноҳияи Балхии вилояти Хатлон, ҳамчунин бунёди боғ дар ин […]

Аваз Юлдошев

Суди ноҳияи Сино боз ду далели порагирии собиқ корманди Вазорати рушди иқтисод ва савдо Аскар Нурализодаро, ки чанде қабл ба 11 соли зиндон маҳкум шуд, исбот кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, Нурализода барои ба барномаи давлатии маблағгузорӣ дохил намудани сохтмони гармхона дар ноҳияи Балхии вилояти Хатлон, ҳамчунин бунёди боғ дар ин ноҳия аз шаҳрвандон Д.Олимов ва Ш.Сангинов дар ҳаҷми 4 ҳазор доллар ва 25 ҳазор сомонӣ пора гирифтааст.

«Суд далели порагирии Нурализодаро аз шаҳрванд Н.Абдураҳимов, сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ҳаҷми 513 ҳазор доллар ва 32 ҳазор сомонӣ барои ба Барномаи давлатии сармоягузории солҳои 2016-2020 дохил кардани банди рушди парандапарварӣ дар ноҳия исбот кард», – таъкид мешавад дар маълумот.

Бино ба маълумоти Прокуратураи генералӣ, Аскар Нурализода санаи 28 сентябр дар пойтахт ҳангоми гирифтани 490 ҳазор доллар пора аз шаҳрванд Н.Абдураҳимов бо далели шайъӣ боздошт шуд.

Ёдрас мекунем, ки суди ноҳияи Сино Аскар Нурализодаро ба иттиҳоми якчанд далели порагирӣ ба 11 соли зиндони низомаш шадид ва маҳрум шудан аз ҳуқуқи ишғоли вазифаҳои роҳбарӣ дар мақомоти давлатӣ ба муҳлати 5 сол маҳкум кард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.