Агентии хизмати давлатӣ: «Нисбати мансабдорони бадмуомила чораҷӯӣ мекунем»

Директори Агентии хизмати давлатии назди президенти Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки ахиран арзу шикоят бобати дағаливу бадмуомилагии мансабдорони давлатӣ зиёд шуда, дар ҷаласаи ҷамъбастии ҳукумат президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон раҳбарияти бисёре аз ниҳодҳо, пеш аз ҳама Агентии хизмати давлатиро дар ин бобат мавриди интиқоди шадид қарор додааст. «Аз ин рӯ, ман […]

Cайфиддин Қараев, Asia-Plus

Директори Агентии хизмати давлатии назди президенти Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки ахиран арзу шикоят бобати дағаливу бадмуомилагии мансабдорони давлатӣ зиёд шуда, дар ҷаласаи ҷамъбастии ҳукумат президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон раҳбарияти бисёре аз ниҳодҳо, пеш аз ҳама Агентии хизмати давлатиро дар ин бобат мавриди интиқоди шадид қарор додааст.

«Аз ин рӯ, ман журналистонро ба ҳамкорӣ даъват мекунам, – гуфт Давлатов. – Ахиран дар матбуот доир ба бадмуомилагиву дағалрафтории мансабдорон зимни муроҷиат ба онҳо маводҳо нашр мешаванд. Аз ин ҳолатҳо моро ҳам огоҳ кунед, чораҷӯӣ мекунем».

Ба гунаи мисол ӯ аз ҳодиса дар ноҳияи Рӯдакӣ ёдовар шуд, ки дар он мансабдори давлатӣ нисбати сокинони маҳаллӣ беҳурматӣ зоҳир намуда, онҳоро таҳқир кард, вале аз чӣ гуна ҷазо гирифтани ӯ барои ин амалаш чизе нагуфт.

Бино ба маълумоти Агентӣ, ба санаи 1 январи соли 2018 шумори хизматчиёни давлатӣ дар Тоҷикистон 19 ҳазору 382 нафарро ташкил медиҳад.

Зимнан зикр гардид, ки соли гузашта Агентӣ як қатор қонуншиканиҳои марбут ба интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳоро ошкор кардааст.

Аз ҷумла, 618 хизматчии давлатӣ аз санҷиши сатҳӣ касбӣ нагузашта, 403 нафари онҳо ба бозмомӯзӣ фиристода шудаанд ва 130 хизматчӣ аз кор озод ва боқимонда ба вазифаҳои зинаи паст гузаронида шудаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.