«Россия 24» сафири Украина дар Тоҷикистонро «мурда» эълон кард

Барномаи «Вести»-и шабакаи телевизионии Россия сафири Украина дар Тоҷикистон ва Афғонистон Виктор Никитюкро дар сафи кушташудагони украинӣ зимни амали террористӣ дар меҳмонхонаи Intercontinental дар Кобул номбар кард. Дар ин ҳодиса ҳафт нафар украиниҳо ҳалок шуданд. Тавре дар сомонаи барномаи Вести хабар дода мешавад, рӯзи 20 январ ифротгароён меҳмонхонаи Intercontinental-ро тасарруф намуда, дар натиҷа 43 нафар […]

Asia-Plus

Барномаи «Вести»-и шабакаи телевизионии Россия сафири Украина дар Тоҷикистон ва Афғонистон Виктор Никитюкро дар сафи кушташудагони украинӣ зимни амали террористӣ дар меҳмонхонаи Intercontinental дар Кобул номбар кард. Дар ин ҳодиса ҳафт нафар украиниҳо ҳалок шуданд.

Тавре дар сомонаи барномаи Вести хабар дода мешавад, рӯзи 20 январ ифротгароён меҳмонхонаи Intercontinental-ро тасарруф намуда, дар натиҷа 43 нафар қурбон ва 126 нафар, аз ҷумла 41 нафар шаҳрвандони хориҷӣ наҷот дода шуданд.

«Миёни ҳалокшудагон ҳафт нафар украиниҳо бо шумули сафири Украина дар Афғонистон ва Тоҷикистон Виктор Никитюк ҳузур доранд», – хабар дода буд нашрия ба маводи ҳамсон ба маълумот доир ба боз як амали террористӣ дар Ҷалолобод, ки бар асари таркиш дар автомашинаи созмони ҳомии ҳуқуқи «Кӯдаконро наҷот медиҳем» (Save the children) 11 нафар осеб диданд.

Дар ҳамин ҳол, сафири Украина дар Тоҷикистон ва Афғонистон Виктор Никитюк зиндаву комилан солим буда, дар Душанбе қарор дорад.

«Ман алҳол ҳатто хабарҳо дар бораи маро гӯронидан нахондаам», – гуфт Никитюк дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» ва илова намуд, ки замони амали террористӣ дар Кобул ӯ дар Душанбе қарор дошт.

Бино ба маълумоти дипломат, дар он амали террористӣ дарвоқеъ ҳам 7 шаҳрванди Украина ҳалок шудаанд, ки дар ширкати ҳавопаймоии Афғонистон кор мекарданд.

Ёдрас мекунем, ки бар асари ҳамла ба меҳмонхонаи Intercontinental  дар пойтахти Афғонистон 18 нафар, аз ҷумла, 14 нафар шаҳрвандони хориҷӣ қурбон шуданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.